عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ قَالَ: خَرَجَ مُعَاوِيَةُ عَلَى حَلْقَةٍ فِي الْمَسْجِدِ، فَقَالَ: مَا أَجْلَسَكُمْ؟ قَالُوا: جَلَسْنَا نَذْكُرُ اللهَ، قَالَ آللَّهِ مَا أَجْلَسَكُمْ إِلَّا ذَاكَ؟ قَالُوا: وَاللهِ مَا أَجْلَسَنَا إِلَّا ذَاكَ، قَالَ: أَمَا إِنِّي لَمْ أَسْتَحْلِفْكُمْ تُهْمَةً لَكُمْ، وَمَا كَانَ أَحَدٌ بِمَنْزِلَتِي مِنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَقَلَّ عَنْهُ حَدِيثًا مِنِّي:
وَإِنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خَرَجَ عَلَى حَلْقَةٍ مِنْ أَصْحَابِهِ، فَقَالَ: «مَا أَجْلَسَكُمْ؟» قَالُوا: جَلَسْنَا نَذْكُرُ اللهَ وَنَحْمَدُهُ عَلَى مَا هَدَانَا لِلْإِسْلَامِ، وَمَنَّ بِهِ عَلَيْنَا، قَالَ: «آللَّهِ مَا أَجْلَسَكُمْ إِلَّا ذَاكَ؟» قَالُوا: وَاللهِ مَا أَجْلَسَنَا إِلَّا ذَاكَ، قَالَ: «أَمَا إِنِّي لَمْ أَسْتَحْلِفْكُمْ تُهْمَةً لَكُمْ، وَلَكِنَّهُ أَتَانِي جِبْرِيلُ فَأَخْبَرَنِي أَنَّ اللهَ عَزَّ وَجَلَّ يُبَاهِي بِكُمُ الْمَلَائِكَةَ».
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Муовия ба гурӯҳе аз мардум, ки дар масҷид ҳалқа зада буданд расид ва ба онҳо гуфт: Чӣ чиз шуморо инҷо нишонда аст? Гуфтанд: Нишастаем, зикри Аллоҳро мегӯем. Гуфт: Оё ба Аллоҳ савганд, ҷуз барои ин кор нанишастаед? Гуфтанд: Ба Аллоҳ қасам ҷуз барои ин кор нанишастаем. Гуфт: Ман барои он аз шумо савганд нахостам, ки шуморо муттаҳам созам ва касе дар манзилати ман аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нест, ки камтар аз ман аз он Ҳазрат ҳадис ривоят карда бошад:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хона ба назди гурӯҳе аз асҳобаш баромаданд ва фармуданд: "Чӣ чиз шуморо инҷо нишонда аст?" Гуфтанд: Нишастаем зикри Аллоҳро мегӯем ва Ӯро барои он ки моро ба Ислом ҳидоят кард ва барои он чи бар мо миннат ниҳод, шукр мегӯем. Он Ҳазрат фармуданд: "Оё савганд ба Аллоҳ, ки чизе ҷуз ин шуморо нанишондааст?" Гуфтанд: Савганд ба Аллоҳ, ки чизе ҷуз ин моро нанишондааст. Фармуданд: "Аммо ман шуморо аз рӯйи иттиҳом (ба дурӯғ гуфтан) қасам надодам ва лекин Ҷабраил ба назди ман омад ва огоҳам кард, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла бо шумо дар байни фариштагон фахр мекунад."