عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِذَا سَمِعْتُمُ النِّدَاءَ، فَقُولُوا مِثْلَ مَا يَقُولُ المُؤَذِّنُ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 611]
المزيــد ...
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ҳаргоҳ садои азонро шунидед, монанди он чи муаззин мегӯяд, бигӯед."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 611]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташвиқ карданд, ки ҳангоми шунидани азон ба гуфтаҳои муаззин посух бидиҳем. Ба ин шакл, ки ҳар чизе муаззин мегӯяд, ҷумла ба ҷумла монанди ӯ бигӯем. Пас ҳар вақто ки муаззин такбир (Аллоҳу акбар) гуфт, баъд аз ӯ такбир гӯем ва вақто ки шаҳодатайнро гуфт, баъди ӯ шаҳодатайнро бигӯем. Аммо баъд аз лафзҳои "ҳайя ъалас-салот, ҳайя ъалал-фалоҳ" (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ) гуфта мешавад.