عَنْ المُغِيرَةِ رضي الله عنه قَالَ:
كُنْتُ مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي سَفَرٍ، فَأَهْوَيْتُ لِأَنْزِعَ خُفَّيْهِ، فَقَالَ: «دَعْهُمَا، فَإِنِّي أَدْخَلْتُهُمَا طَاهِرَتَيْنِ» فَمَسَحَ عَلَيْهِمَا.
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 206]
المزيــد ...
Аз Муғира (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ман қасди берун овардани пойпӯши он Ҳазратро кардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам" ва сипас бар онҳо масҳ кашиданд.
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 206]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар яке аз сафарҳояшон таҳорат карданд ва чун ба шустани пойҳо расиданд, Муғира ибни Шуъба дастонашро дароз кард, ки пойпӯши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бикашад, то пойҳояшонро бишӯяд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: раҳояшон кун ва берунашон наёвар, зеро ман дар ҳоле онҳоро пӯшидам, ки таҳорат доштам. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷойи шустани пойҳо бар пойпӯшашон (маҳсӣ) масҳ кашиданд.