1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар

عن عمر بن الخطاب رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«إِذَا قَالَ الْمُؤَذِّنُ: اللهُ أَكْبَرُ اللهُ أَكْبَرُ، فَقَالَ أَحَدُكُمُ: اللهُ أَكْبَرُ اللهُ أَكْبَرُ، ثُمَّ قَالَ: أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، قَالَ: أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، ثُمَّ قَالَ: أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، قَالَ: أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، ثُمَّ قَالَ: حَيَّ عَلَى الصَّلَاةِ، قَالَ: لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ، ثُمَّ قَالَ: حَيَّ عَلَى الْفَلَاحِ، قَالَ: لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ، ثُمَّ قَالَ: اللهُ أَكْبَرُ اللهُ أَكْبَرُ، قَالَ: اللهُ أَكْبَرُ اللهُ أَكْبَرُ، ثُمَّ قَالَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، قَالَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ مِنْ قَلْبِهِ دَخَلَ الْجَنَّةَ».

Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас (муаззин) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Сипас гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алас-салот, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алал-фалоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, инҳоро аз самими дил гуфт, ба биҳишт дохил шавад".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 385

Шарҳ

Азон эълони фаро расидани вақти намоз ба мардум аст. Ва калимаҳои азон, мафҳуми ҷомеи ақидаи имонро дар бар мегирад.
Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми шунидани азон чи муқаррар шудааст. Яъне, ин ки шунаванда ҳамон чизеро бигӯяд, ки муаззин мегӯяд. Ҳаргоҳ муаззин "Аллоҳу акбар" гуфт, шунаванда низ "Аллоҳ акбар" бигӯяд ва ғайра, магар дар ҳолати шунидани "Ҳайя алас-салот", "Ҳайя алал-фалоҳ", шунаванда мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ".
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе инро аз самими дил ва холисона ҳамроҳи муаззин такрор кунад, вориди биҳишт мешавад.
Маънои калимаҳои азон: "Аллоҳу акбар": Яъне, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло азимтар, гиромитар ва бузургтар аз ҳама чиз аст.
"Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ": Яъне, гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди ба ҳақ, магар Аллоҳ.
"Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ": Яъне, иқрор мекунам ва бо дилу забонам гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро фиристодааст ва итоат аз ӯ воҷиб аст.
"Ҳайя алас-салот": Яъне, ба сӯи намоз бишитобед. Ва шунаванда дар посухи он мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Яъне, роҳе барои раҳои аз монеаҳои тоат нест ва қудрате барои анҷоми он нест ва тавоне барои анҷоми коре нест, магар ба тавфиқи Аллоҳ Таъоло.
"Ҳайя алал-фалоҳ": Яъне, бишитобед ба сӯи растагорӣ, манзур аз растагор шудан, ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати посух додан ба муаззин ва такрори он чи мегӯяд, ба ҷуз ду "ҳайя алал...," ки дар посух мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ".

Намоиши тарҷумаҳо

60 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية