عَنْ أَنَسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ:
أَنَّ رَجُلًا سَأَلَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنِ السَّاعَةِ، فَقَالَ: مَتَى السَّاعَةُ؟ قَالَ: «وَمَاذَا أَعْدَدْتَ لَهَا». قَالَ: لاَ شَيْءَ، إِلَّا أَنِّي أُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: «أَنْتَ مَعَ مَنْ أَحْبَبْتَ». قَالَ أَنَسٌ: فَمَا فَرِحْنَا بِشَيْءٍ، فَرِحْنَا بِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَنْتَ مَعَ مَنْ أَحْبَبْتَ» قَالَ أَنَسٌ: فَأَنَا أُحِبُّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَأَبَا بَكْرٍ، وَعُمَرَ، وَأَرْجُو أَنْ أَكُونَ مَعَهُمْ بِحُبِّي إِيَّاهُمْ، وَإِنْ لَمْ أَعْمَلْ بِمِثْلِ أَعْمَالِهِمْ.
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 3688]
المزيــد ...
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?" Мард гуфт: "Ҳеҷ чиз омода накардаам, ҷуз он ки ман Аллоҳ ва Паёмбарашро дӯст медорам." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: Мо аз чизе ба монанди ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хушҳол нашудем, ки гуфт: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: "Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорам ва умедворам, ки ба хотири дӯст доштани онҳо бо онҳо хоҳам буд, ҳарчанд ки ба монанди амалҳои онҳо амал накунам."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3688]
Марде аз арабҳои саҳронишин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз вақти барпо шудани қиёмат пурсид.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: "Барои қиёмат чӣ кори нек омода кардаӣ?"
Саволкунанда гуфт: "Барои он кори бузурге омода накардам, ҷуз ин ки ман Аллоҳ ва Паёмбарро дӯст медорам." Чизи дигаре аз ибодатҳои қалбӣ, баданӣ ва молиро ном набурд, зеро ҳама он ибодатҳо шохаҳои муҳаббат ва ҳосили он ҳастанд ва муҳаббати ростин сабаби талош дар анҷом додани амали нек мебошад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: "Ту дар биҳишт бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин хушхабар бениҳоят хушҳол шуданд.
Сипас Анас (разияллоҳу анҳу) хабар дод, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорад ва умедвор аст, ки бо онон хоҳад буд, ҳарчанд аъмоли ӯ мисли аъмоли онҳо набошад.