1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад

عَنْ أَمِيرِ المُؤْمِنِينَ أَبِي حَفْصٍ عُمَرَ بْنِ الخَطَّابِ رضي الله عنه قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إنَّمَا الأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ، وَإِنَّمَا لِكُلِّ امْرِئٍ مَا نَوَى، فَمَنْ كَانَتْ هِجْرَتُهُ إلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ فَهِجْرَتُهُ إلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ، وَمَنْ كَانَتْ هِجْرَتُهُ لِدُنْيَا يُصِيبُهَا أَوْ امْرَأَةٍ يَنْكِحُهَا فَهِجْرَتُهُ إلَى مَا هَاجَرَ إلَيْهِ».

Аз Амирулмуъминин Абуҳафс, Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад. Пас ҳар ки ба сӯйи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кард, ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба хотири издивоҷ бо зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чизе аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст".

Саҳеҳ رواه إماما المحدثين أبو عبد الله محمد بن إسماعيل بن إبراهيم بن المغيرة بن بردزبه البخاري وأبو الحسين مسلم بن الحجاج بن مسلم القشيري النيسابوري في صحيحيهما اللذين هما أصح الكتب المصنفة الأربعون النووية - 1

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми ибодот ва муомилот аст. Пас ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ҳадафи муаян ният кунад, ҳамонро ба даст меорад ва барояш подош нахоҳад буд. Ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ризои Худованд анҷом медиҳад, барояш аҷр ва подоши нек хоҳад буд, агарчи як амали кам ва оддӣ бошад, монанди хурдан ва нӯшидан.
Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқ ба ихлос, зеро Худованд танҳо ҳамон амалеро мепазирад, ки барои ризои Ӯ Таъоло бошад.
  2. Агар касе амалҳое, ки барои тақарруб ба Аллоҳ анҷом дода мешавандро аз рӯи одат анҷом диҳад, подош дода намешавад, магар инки қасди наздик шудан ба Худоро дошта бошад.
  3. Ният байни ибодатҳои мухталиф фарқ мегузорад. Инчунин ибодатҳоро аз одатҳо ҷудо месозад.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو