عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَتَقَارَبَ الزَّمَانُ، فَتَكُونَ السَّنَةُ كَالشَّهْرِ، وَيَكُونَ الشَّهْرُ كَالْجُمُعَةِ، وَتَكُونَ الْجُمُعَةُ كَالْيَوْمِ، وَيَكُونَ الْيَوْمُ كَالسَّاعَةِ، وَتَكُونَ السَّاعَةُ كَاحْتِرَاقِ السَّعَفَةِ الْخُوصَةُ».

[صحيح] - [رواه أحمد] - [مسند أحمد: 10943]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Қиёмат барпо намешавад, то ин ки замон ба ҳам наздик шавад. Ва ҳар сол монанди моҳ шавад ва моҳ монанди як ҳафта шавад ва як ҳафта монанди як рӯз шавад ва як рӯз монанди як соат шавад ва як соат монанди сӯхтани барги дарахти хурмо (тез бигзарад)."

[Саҳеҳ] - [رواه أحمد] - [Муснади Аҳмад - 10943]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз нишонаҳои қиёмат наздик шудани вақт аст. Дар натиҷа як сол монанди як моҳ мегузарад. Ва як моҳ монанди гузаштани як ҳафта мегузарад. Ва як ҳафта монанди як рӯз мегузарад. Ва як рӯз монанди як соат мегузарад. Ва як соат чунон тез мегузарад, ки ба монанди сӯхтани як барги дарахти хурмо мегузарад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Яке аз нишонаҳои қиёмат бардошта шудани баракат аз замон ва тезгузар шудани он аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (57)
Бештар