عَنْ صَفْوَانَ بْنِ مُحْرِزٍ قَالَ: قَالَ رَجُلٌ لِابْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما كَيْفَ سَمِعْتَ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، يَقُولُ: فِي النَّجْوَى؟ قَالَ: سَمِعْتُهُ يَقُولُ:
«يُدْنَى الْمُؤْمِنُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنْ رَبِّهِ عَزَّ وَجَلَّ، حَتَّى يَضَعَ عَلَيْهِ كَنَفَهُ، فَيُقَرِّرُهُ بِذُنُوبِهِ، فَيَقُولُ: هَلْ تَعْرِفُ؟ فَيَقُولُ: أَيْ رَبِّ أَعْرِفُ، قَالَ: فَإِنِّي قَدْ سَتَرْتُهَا عَلَيْكَ فِي الدُّنْيَا، وَإِنِّي أَغْفِرُهَا لَكَ الْيَوْمَ، فَيُعْطَى صَحِيفَةَ حَسَنَاتِهِ، وَأَمَّا الْكُفَّارُ وَالْمُنَافِقُونَ، فَيُنَادَى بِهِمْ عَلَى رؤُوسِ الْخَلَائِقِ هَؤُلَاءِ الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَى اللهِ».
المزيد
Аз Сафвон ибни Муҳриз ривоят аст, ки гуфт: Марде ба Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) гуфт: Дар бораи наҷво (суҳбати пинҳонӣ миёни банда ва Парвардигораш) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чӣ шунидаӣ? Ибни Умар гуфт: Ман аз ӯ шунидам, ки мефармуд:
"Муъминро рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик мекунанд, то он ки Худо ӯро ба раҳмати худаш фаро гирад. Сипас Худованд гуноҳони ӯро ба ёдаш меорад ва ба ӯ мегӯяд: Оё ин гуноҳонатро мешиносӣ? Муъмин мегӯяд: Парвардигоро, бале, мешиносам. Худованд мегӯяд: Ман ин гуноҳонро дар дунё бар ту пӯшида будам, ва имрӯз онҳоро бар ту мебахшам. Сипас ба ӯ дафтари некиҳо ва савобҳояш дода мешавад. Аммо кофирон ва мунофиқон, дар назди ҳамаи махлуқот бо садои баланд нидо карда мешаванд: инҳо ононе ҳастанд, ки бар Худо дурӯғ бастанд."