1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«أَلاَ أُحَدِّثُكُمْ حَدِيثًا عَنِ الدَّجَّالِ، مَا حَدَّثَ بِهِ نَبِيٌّ قَوْمَهُ؟ إِنَّهُ أَعْوَرُ، وَإِنَّهُ يَجِيءُ مَعَهُ بِمِثَالِ الجَنَّةِ وَالنَّارِ، فَالَّتِي يَقُولُ إِنَّهَا الجَنَّةُ هِيَ النَّارُ، وَإِنِّي أُنْذِرُكُمْ كَمَا أَنْذَرَ بِهِ نُوحٌ قَوْمَهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оё ба шумо дар бораи Даҷҷол чизе нагӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавми худ нагуфтааст? Ӯ кӯр ва якчашма аст ва бо худ чизе ба монанди биҳишту дӯзах меорад. Пас биҳиште, ки ӯ мегӯяд, дар ҳақиқат он дӯзах аст ва ман дар бораи ӯ ба шумо ҳушдор медиҳам, чунон ки Нӯҳ қавмашро ҳушдор дод."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3338

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳоби худро дар бораи Даҷҷол, хислатҳо ва нишонаҳояш ва чизҳое, ки ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ нагуфта буд, огоҳ мекунад, аз ҷумла:
Ӯ кӯр аст.
Ва Аллоҳ Таъоло ҳамроҳ бо ӯ - он тавр ки ба назар меояд - монанди биҳишт ва дӯзах қарор додааст.
Аммо биҳишти ӯ оташ ва оташаш биҳишт аст. Ҳар ки аз ӯ итоат кунад, ба он биҳишт ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат оташи сӯзон аст. Аммо ҳар ки аз ӯ нофармонӣ кунад, ба дӯзах ворид мешавад, ки мардум онро мебинанд, вале он дар ҳақиқат биҳишти некӯ аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро аз фитнаи Даҷҷол ҳушдор дод, чунон ки Нӯҳ қавми худро огоҳ карда буд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бузургии фитнаи Даҷҷол.
  2. Наҷот аз фитнаи Даҷҷол бо имони содиқона ва рӯй овардан ба Аллоҳ Таъоло ва паноҳ бурдан аз Даҷҷол ба Аллоҳ дар ташаҳҳуди ахир ва ҳифзи даҳ ояти аввали сураи Каҳф мумкин аст.
  3. Шиддати ғамхории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба умматаш, ки барои мусалмонон хислатҳои Даҷҷолро баён кардааст, ки ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ баён накарда буд.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية