عن أبي هريرة رضي الله عنه أَن النبيَّ صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم قَالَ:
«الرَّجُلُ عَلَى دِينِ خَلِيلِهِ، فَلْيَنْظُر أَحَدُكُم مَنْ يُخَالِل».
[حسن] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [سنن أبي داود: 4833]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мард бар дини дӯсти самимиаш аст, ҳар яки аз шумо бингарад, ки бо ки дӯстӣ мекунад."
[Ҳасан] - [رواه أبو داود والترمذي وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 4833]
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки инсон ба дӯсти наздики худ дар рафтору одатҳо монанд мешавад. Дӯсти ҳақиқӣ дар ахлоқ, рафтор ва кирдори шахс таъсиргузор аст. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавсия доданд, ки дӯст хуб интихоб шавад, зеро дӯсти хуб метавонад ба имон, ҳидоят ва некӣ роҳнамоӣ кунад ва барои дӯсташ ёрӣ расонад.