عن أبِي هُرَيرةَ رضي الله عنه أنَّ رسول الله صلى الله عليه وسلمَ قال:
«إذا قُلْتَ لِصَاحِبِكَ: أَنْصِتْ، يومَ الجمعةِ، والْإِمامُ يَخْطُبُ، فَقَدْ لَغَوْتَ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 851]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 851]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз одоби воҷиб барои касе, ки дар хутбаи ҷумъа ҳозир шудааст, гӯш додан ба хатиб аст, то битавонад панду андарзҳои ӯро ба хубӣ дарёбад. Ва агар касе дар ҳоли хутба хондани имом камтарин чизеро ба забон биёварад ва масалан ба ҳамнишинаш бигӯяд: "хомӯш бош", ва "гӯш фаро деҳ", фазилати намози ҷумъаро аз даст додааст.