1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، إِذَا كَبَّرَ فِي الصَّلَاةِ، سَكَتَ هُنَيَّةً قَبْلَ أَنْ يَقْرَأَ، فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ بِأَبِي أَنْتَ وَأُمِّي أَرَأَيْتَ سُكُوتَكَ بَيْنَ التَّكْبِيرِ وَالْقِرَاءَةِ، مَا تَقُولُ؟ قَالَ «أَقُولُ: اللهُمَّ بَاعِدْ بَيْنِي وَبَيْنَ خَطَايَايَ كَمَا بَاعَدْتَ بَيْنَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ، اللهُمَّ نَقِّنِي مِنْ خَطَايَايَ كَمَا يُنَقَّى الثَّوْبُ الْأَبْيَضُ مِنَ الدَّنَسِ، اللهُمَّ اغْسِلْنِي مِنْ خَطَايَايَ بِالثَّلْجِ وَالْمَاءِ وَالْبَرَدِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ дар намоз такбир (такбири таҳрима) мегуфтанд, пеш аз он ки қироатро шуруъ кунанд андаке таваққуф мекарданд. Пас гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Падару модарам фидои Шумо бод, дар сукути байни такбири таҳрима ва қироат чӣ мегӯӣ? Фармуданд: "Чунин мегӯям: Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 598

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки такбир мегуфт, пеш аз хондани сураи Фотиҳа андаке таваққуф мекард, намози худро бо баъзе аз дуоҳо ифтитоҳ мекард ва аз ҷумла дуоҳое, ки ворид шудааст, ин дуо аст: "Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Худовандро дуо мекунад, ки миёни ӯ ва гуноҳонаш фосила андозад, ки дар он воқеъ нашавад, чунон ки миёни машриқу мағриб фосилае аст, ки ба ҳам намерасанд. Ва агар дар он нопокие ҳаст онро пок созад, чунон ки чирк аз либоси сафед тоза карда мешавад, ӯро аз гуноҳонаш бишӯяд. Ва аз шуъла ва гармиаш бо ин се поккунанда - об, барф ва жола пок кунад ва хунук созад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Оҳиста гуфтани дуои истифтоҳ, агарчи дар намози ҷаҳрӣ ҳам бошад.
  2. Эҳтимоми саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ба донистани ҳолатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаракатҳо ва сукунатҳояш.
  3. Шаклҳои дигари дуои истифтоҳ ҳам вуҷуд доранд ва беҳтар аст, ки шахс ҳама дуоҳои истифтоҳи воридшуда аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дунбол кунад ва гоҳ инро бигӯяд ва гоҳ дигареро.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية