1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ:
كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدْعُو وَيَقُولُ: «اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ القَبْرِ، وَمِنْ عَذَابِ النَّارِ، وَمِنْ فِتْنَةِ المَحْيَا وَالمَمَاتِ، وَمِنْ فِتْنَةِ المَسِيحِ الدَّجَّالِ». وفِي لَفْظٍ لِمُسْلِمٍ: «إِذَا فَرَغَ أَحَدُكُمْ مِنَ التَّشَهُّدِ الْآخِرِ، فَلْيَتَعَوَّذْ بِاللهِ مِنْ أَرْبَعٍ: مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ، وَمِنْ شَرِّ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1377

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ташаҳҳуди охир ва пеш аз салом дар намоз аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ мебурд ва моро фармуданд, ки аз онҳо ба Аллоҳ паноҳ бибарем:
Якум: Аз азоби қабр.
Дувум: Аз азоби дӯзах, ки он дар рӯзи қиёмат аст.
Севум: Аз фитнаи зиндагӣ, аз ҳавасҳои ҳароми дунё ва шубҳаҳои гумроҳкунандаи он. Ва аз фитнаи марг, яъне лаҳзаи ҳозир шудани марг ва аз ҷумлаи он мунҳариф шудан аз Ислом ё аз суннат ё аз фитнаи қабр, монанди пурсидани ду фаришта.
Чаҳорум: Фитнаи Даҷҷол, ки дар охири замон зуҳур хоҳад кард ва Аллоҳ бандагонашро бо он меозмояд. Ӯро ба далели фитнаи бузург ва гумроҳкунандаи бузург буданаш махсус зикр кард.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин паноҳҷӯйӣ яке аз муҳимтарин дуъоҳо ва шомилтарин дуъо аст, зеро дар он паноҳҷӯйӣ аз шарри дунё ва охират аст.
  2. Азоби қабр собит ва ҳақ аст.
  3. Хатарнокии фитнаҳо ва аҳамияти дархости ёрӣ ва дуо аз Аллоҳ барои раҳоӣ аз онҳо.
  4. Исботи зуҳури Даҷҷол ва бузургии фитнаи ӯ.
  5. Баъд аз хондани ташаҳҳуди ахир ин дуоро гуфтан мустаҳаб аст.
  6. Баъд аз анҷоми кори хайр дуо кардан мустаҳаб аст.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية