عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«مَنِ اغْتَسَلَ يَوْمَ الجُمُعَةِ غُسْلَ الجَنَابَةِ ثُمَّ رَاحَ، فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ بَدَنَةً، وَمَنْ رَاحَ فِي السَّاعَةِ الثَّانِيَةِ، فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ بَقَرَةً، وَمَنْ رَاحَ فِي السَّاعَةِ الثَّالِثَةِ، فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ كَبْشًا أَقْرَنَ، وَمَنْ رَاحَ فِي السَّاعَةِ الرَّابِعَةِ، فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ دَجَاجَةً، وَمَنْ رَاحَ فِي السَّاعَةِ الخَامِسَةِ، فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ بَيْضَةً، فَإِذَا خَرَجَ الإِمَامُ حَضَرَتِ المَلاَئِكَةُ يَسْتَمِعُونَ الذِّكْرَ».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар кас рӯзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат, ғусл кунад, сипас барои намози ҷумъа ба масҷид равад, монанди он аст, ки як шутур садақа карда бошад. Ҳар кас дар соати дувум барояд, монанди он аст, ки як гов садақа карда бошад; ҳар кас дар соати сеюм барояд, гӯё ки як қучқори шохдор садақа карда бошад; ҳар кас дар соати чаҳорум барояд, монанди он аст, ки як мурғ садақа карда бошад; ҳар кас дар соати панҷум барояд, гӯё як тухм садақа карда бошад. Чун имом (барои хутба) берун ояд, малоика барои шунидани зикри Аллоҳ ҳозир мешаванд."