عَنْ عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا صَلَاةَ لِمَنْ لَمْ يَقْرَأْ بِفَاتِحَةِ الكِتَابِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 756]
المزيــد ...

Аз Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Касе сураи Фотиҳаро нахонад, намоз нахондааст."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 756]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки намоз дуруст намешавад, магар бо хондани сураи Фотиҳа, зеро хондани сураи Фотиҳа дар ҳама ракаъатҳо яке аз аркони намоз аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Дар ҳолати тавоноии хондани сураи Фотиҳа, сураи дигаре наметавонад ҷойгузини он бошад.
  2. Ракаъате, ки дар он сураи Фотиҳа хоҳ қасдан, хоҳ нодонӣ ва хоҳ фаромӯшӣ хонда намешавад, ботил аст. Зеро хондани он рукн аст ва рукнҳо ҳаргиз соқит намешаванд.
  3. Агар маъмум имомро дар ҳолати рукуъ дарёфт, хондани сураи Фотиҳа аз ӯ соқит мешавад.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (57)