عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بنِ مَسْعُودٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَطَمَ الخُدُودَ، وَشَقَّ الجُيُوبَ، وَدَعَا بِدَعْوَى الجَاهِلِيَّةِ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 1294]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 1294]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба баъзе амалҳои аҳли ҷоҳилият манъ ва ҳушдор дод ва фармуд: Инҳо аз мо нестанд (касоне, ки):
Аввал: Касе, ки рухсораҳояшро бизанад, махсусан рӯйро зикр кард, зеро бештар бар рӯй мезананд, аммо зарбу лат дар дигар қисмҳои рӯй ҳам манъ аст.
Дуюм: Чок кардани гиребони либос, барои ин ки аз шиддати мусибат сари худро дар он дохил намояд.
Сеюм: Касе, ки дуъоҳои аҳли ҷоҳилиятро ба забон орад, мисли дуъои вовайло, ҳалокат, табоҳӣ ва навҳасароӣ.