عن عَبْدِ اللهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم يَقُولُ:
«مَنْ جَاءَ مِنْكُمُ الْجُمُعَةَ فَلْيَغْتَسِلْ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 894]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 894]
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид мекунанд, ки ҳар кас бихоҳад ба намози ҷумъа ҳозир шавад, барои ӯ мустаҳаб аст, ки ғусл кунад, мисли ғусли ҷанобат.