عَنِ الحُسَينِ بنِ عَلِيٍّ بنِ أَبِي طَالِبٍ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«الْبَخِيلُ مَنْ ذُكِرْتُ عِنْدَهُ فَلَمْ يُصَلِّ عَلَيَّ».
[صحيح] - [رواه الترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد] - [السنن الكبرى للنسائي: 8046]
المزيــد ...
Аз Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Бахил касест, ки номи ман назди ӯ зикр шавад ва бар ман дуруд нафиристад."
[Саҳеҳ] - [رواه الترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد] - [Сунани кубро, Насоӣ - 8046]
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки дуруд (салавот) фиристодан бар ӯ дар ҳолате, ки номи муборак, куния, ё зикри ӯ шунида шавад ҳушдор доданд. Фармудаанд: Бахил касест, ки ман назди ӯ ёд шавам ва бар ман дуруд нафиристад. Бинобар умури зерин:
Аввал: Бахилӣ (хасисӣ) дар чизест, ки на камтарин зиёнеро меорад, на талафи моле дорад ва на ягон кӯшиши ҷисмонӣ мехоҳад (яъне, салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)).
Дуюм: Ӯ ба худ бахилӣ карда ва худро аз аҷри дуруд фиристодан бар Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳрум сохтааст, зеро бо тарки салавот, аз иҷрои ҳаққе, ки бояд анҷом диҳад, худдорӣ кард, ки Худо амр кардааст ва дар он аҷру савоб ҳаст.
Сеюм: Салавот фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) адои бархе аз ҳуқуқи ӯст, зеро ӯ моро таълим додааст, роҳнамоӣ кардааст ва моро ба сӯи Худо даъват кардааст. Ӯ барои мо ваҳй ва шариатро овардааст ва пас аз Худованд ӯ сабаби ҳидоят ёфтани мо аст. Касе, ки бар ӯ салавот намефиристад, ба худ ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахилӣ кардааст. Чунин шахс нисбат ба Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳаққе бахилӣ кардааст, ки аз камтарин ҳуқуқи ӯ аст.