عَنْ مَيْمُونَةُ أُمِّ المؤمِنينَ رضي الله عنها قَالتْ:
وَضَعْتُ لِلنَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ غُسْلًا، فَسَتَرْتُهُ بِثَوْبٍ، وَصَبَّ عَلَى يَدَيْهِ، فَغَسَلَهُمَا، ثُمَّ صَبَّ بِيَمِينِهِ عَلَى شِمَالِهِ، فَغَسَلَ فَرْجَهُ، فَضَرَبَ بِيَدِهِ الأَرْضَ، فَمَسَحَهَا، ثُمَّ غَسَلَهَا، فَمَضْمَضَ وَاسْتَنْشَقَ، وَغَسَلَ وَجْهَهُ وَذِرَاعَيْهِ، ثُمَّ صَبَّ عَلَى رَأْسِهِ وَأَفَاضَ عَلَى جَسَدِهِ، ثُمَّ تَنَحَّى، فَغَسَلَ قَدَمَيْهِ، فَنَاوَلْتُهُ ثَوْبًا فَلَمْ يَأْخُذْهُ، فَانْطَلَقَ وَهُوَ يَنْفُضُ يَدَيْهِ.

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 276]
المزيــد ...

Аз Маймуна модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
Барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оби ғуслро омода кардам, то аз ҷанобат ғусл кунад. Ӯро бо ҷомае (аз дидагон) пӯшонидам. Об бар дастонаш рехт ва онҳоро шуст, сипас бо дасти рост бар дасти чапаш об рехт ва шармгоҳи худро шуст, сипас дастонашро ба замин зад ва онҳоро ба замин шакид ва сипас шуст. Он гоҳ мазмаза ва истиншоқ кард ва рӯй ва бозувонашро шуст, сипас обро бар сараш рехт ва баданашро шуст, сипас каме яктарафа истода пойҳояшро шуст. Барояш ҷомае дароз кардам, ки худро хушк кунад, вале онро нахост ва шуруъ ба хушк кардани худ бо таккон додани дастонаш кард.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 276]

Шарҳ

Модари муъминон Маймуна (разияллоҳу анҳо) дар бораи равиши ғусли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷанобат хабар додааст. Ӯ барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оби ғуслро омода кард, то бо он ғусл кунад ва ӯро бо ҷомае пӯшонид ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин карданд:
Аввал: Пеш аз ба зарф андохтани дастонаш ба онҳо об рехта шуст.
Дуввум: Бо дасти рост бар дасти чап об рехт ва шармгоҳашро шуст, то осори ҷанобатро аз он ҷо пок кунад.
Сеюм: Бо дастонаш ба замин зад ва онро бар замин шакид, то олудагии дастонаш бартараф шавад, сипас онҳоро шуст.
Чаҳорум: Мазмаза кард, яъне обро дар даҳон андохта чархонда ва сипас берун андохт. Ва истиншоқ кард, яъне барои пок кардани бинӣ, бо нафас кашидан обро ба бинӣ ворид карда, сипас онро берун рехт, то ин ки бинӣ пок шавад.
Панҷум: Рӯй ва дастонашро то оринҷ шуст.
Шашум: Обро бар сараш рехт.
Ҳафтум: Обро бар боқимондаи баданаш рехта онро шуст.
Ҳаштум: Аз ҷояш каме ҳаракат карда, дар дигар ҷо пойҳояшро шуст, зеро онҳоро қаблан нашуста буд.
Сипас барояшон порчаи латтае овард, то худро хушк кунад, Аммо онро нагирифт ва бо дастонашон обро аз баданашон хушк карданд ва дастонашро таккон доданд, то оби он хушк шавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таваҷҷуҳи ҳамсарони паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба тавсифи ҷузъиёти зиндагии эшон барои омузиши уммат.
  2. Ин равиши ғусл , яке аз равишҳои ғусли комил аст, ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст. Аммо ҳадди ақалли ғусл, ки барои рафъи ҷанобат кифоят мекунад, ин аст, ки ҳамроҳ бо ворид кардани об дар даҳон ва бинӣ ва шустани онҳо ба ҳамаи баданаш ҳам обро бирасонад.
  3. Хушк кардани бадан бо латта ё тарки он баъд аз ғусл ё таҳорат мубоҳ аст.
Намоиши тарҷумаҳо