1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин

عَنْ صُهَيْبٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«عَجَبًا لِأَمْرِ الْمُؤْمِنِ، إِنَّ أَمْرَهُ كُلَّهُ خَيْرٌ، وَلَيْسَ ذَاكَ لِأَحَدٍ إِلَّا لِلْمُؤْمِنِ، إِنْ أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ، فَكَانَ خَيْرًا لَهُ، وَإِنْ أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ صَبَرَ، فَكَانَ خَيْرًا لَهُ».

Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Чи басо тааҷҷубовар аст кори муъмин, ки тамоми кораш хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар хушие ба ӯ расад, шукр мегӯяд ва барои ӯ хайр аст. Ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва барои ӯ хайр мешавад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2999

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз кори муъмин изҳори таъаҷҷуб мекунад ва ин таъаҷҷуб аз рӯи нек донистани ин амр аст. Зеро вазъияти муъмин ҳамеша хайр аст ва ин барои касе нест, ҷуз барои муъмин. Агар барои ӯ некие рӯй диҳад, Аллоҳро шукр мегӯяд, дар натиҷа подоши шукрро ба даст меорад. Ва агар нохушӣ ва мусибате ба ӯ расад, сабр кунад ва аз Аллоҳ интизории подош дошта бошад, аҷру подоши сабрро ба даст меорад. Пас дар ҳама ҳолат дар ҳоли касби аҷру подош аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати шукр кардан бар хушиҳо ва сабр кардан бар мусибатҳо. Ҳар ки чунин кунад, хайри ҳарду ҷаҳонро ба даст овардааст. Ва ҳар ки бар неъмат шукр нагӯяд ва бар мусибат сабр накунад, ин аҷру подошро аз даст медиҳад ва гунаҳкор мешавад.
  2. Фазилати имон ва ин ки подош дар ҳама ҳолат танҳо барои аҳли имон ҳосил мешавад.
  3. Шукр дар ҳолати хушиҳо ва сабр дар ҳолати мусибатҳо, аз хислатҳои муъминон аст.
  4. Имон ба қазо ва қадар боис мешавад, ки муъмин дар ҳама ҳолатҳо хушнуд бошад, бар хилофи ғайри муъмин, ки ҳамеша дар ҳоли зиён дидан ва ба мусибат гирифтор шудан норозӣ аст. Ва агар неъмате аз Аллоҳ Таъоло ба ӯ бирасад, он неъмат ӯро аз анҷоми тоати Парвардигор машғул медорад ва чи басо ҳамонро дар роҳи маъсияти Аллоҳ сарф кунад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية