عن جَرِيْر بنِ عبدِ الله رضي الله عنه قال:
كُنَّا عِنْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَنَظَرَ إِلَى الْقَمَرِ لَيْلَةً -يَعْنِي الْبَدْرَ- فَقَالَ: «إِنَّكُمْ سَتَرَوْنَ رَبَّكُمْ كَمَا تَرَوْنَ هَذَا الْقَمَرَ، لَا تُضَامُونَ فِي رُؤْيَتِهِ، فَإِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَنْ لَا تُغْلَبُوا عَلَى صَلَاةٍ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا فَافْعَلُوا» ثُمَّ قَرَأَ: «{وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ الْغُرُوبِ}»

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 554]
المزيــد ...

Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Мо назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем, он Ҳазрат ба сӯйи моҳ (и пурра) нигарист ва гуфт: "Ҳамоно шумо Парвардигоратонро хоҳед дид, чӣ гунае, ки ин моҳро мебинед ва барои дидани Ӯ дучори сахтӣ ва машаққат намешавед. Пас агар тавонистед намози пеш аз тулуи офтоб ва намози қабл аз ғуруби офтобро бо комилтарин шакл бигузоред". Сипас ин оятро хонданд: "Ва Парвардигоратро пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби офтоб ба ҳамду ситоиш тасбеҳ бигӯ."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 554]

Шарҳ

Саҳобагон шабе бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданд ва он Ҳазрат ба моҳ – шаби чаҳордаҳум – нигарист ва фармуд: Дар ҳақиқат муъминон Парвардигори худро ҳақиқатан, ба чашми сар бидуни он ки дучори хато шаванд, мебинанд. Ва онон ҳангоми дидани Аллоҳ Таъоло издиҳом намекунанд ва дучори машаққат намешаванд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Пас агар тавонистед сабабҳоеро, ки шуморо аз намози бомдод ва намози аср боз медорад, аз байн бибаред, чунин кунед ва он ду намозро ба таври комил дар вақташон бо ҷамоат анҷом диҳед, зеро ин аз сабабҳои ба рӯйи Аллоҳ назар кардан аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонданд: (Ва Парвардигоратро пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби офтоб ба ҳамду ситоиш тасбеҳ бигӯ.)

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Башорат ба аҳли имон, ки Аллоҳ Таъолоро дар биҳишт хоҳанд дид.
  2. Аз равишҳои даъват: таъкид, ташвиқ ва мисол овардан аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (59)
Бештар