عَنِ البَرَاءِ بْنِ عَازِبٍ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«المُسْلِمُ إِذَا سُئِلَ فِي القَبْرِ: يَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ»، فَذَلِكَ قَوْلُهُ: {يُثَبِّتُ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا بِالقَوْلِ الثَّابِتِ فِي الحَيَاةِ الدُّنْيَا وَفِي الآخِرَةِ} [إبراهيم: 27].

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 4699]
المزيــد ...

Аз Бароъ ибни Озиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд.
"Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст". Ва ин мафҳуми сухани Аллоҳ аст: "Аллоҳ Таъоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад." (Сури Иброҳим, ояти 27).

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 4699]

Шарҳ

Муъмин дар қабраш мавриди пурсиш қарор мегирад, ду фариштаи муваккал, яъне Мункар ва Накир ӯро мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Номи ин ду фаришта дар чандин ҳадис чунин омадааст. Пас ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки маъбуде ба ҳақ нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. (Шаҳодатайнро мегӯяд). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин ҳамон сухани собит ва устувор аст, ки Аллоҳ Таъоло дар бораи он мефармояд: "Аллоҳ Таъоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад." (Сураи Иброҳим, ояти 27).

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Саволи қабр ҳақ аст.
  2. Фазли Аллоҳ Таъоло бар бандагони муъминаш, ки ононро дар зиндагии дунё ва охират барои гуфтани сухани ҳақ собиту устувор месозад.
  3. Фазилати шаҳодати тавҳид ва марг бар он.
  4. Аллоҳ Таъоло муъминро дар дунё бо устуворӣ дар имон ва рафтан дар роҳи рост ва дар вақти марг бо мурдан бар калимаи тавҳид ва дар қабр ҳангоми пурсиши ду фаришта, устувор месозад.
Намоиши тарҷумаҳо
Бештар