عن تَميم الداري رضي الله عنه، قال: سمعتُ رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول:
«لَيَبْلُغَنَّ هَذَا الأَمْرُ مَا بَلَغَ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ، وَلَا يَتْرُكُ اللهُ بَيْتَ مَدَرٍ وَلَا وَبَرٍ إِلَّا أَدْخَلَهُ اللهُ هَذَا الدِّينَ، بِعِزِّ عَزِيزٍ أَوْ بِذُلِّ ذَلِيلٍ، عِزًّا يُعِزُّ اللهُ بِهِ الإِسْلَامَ، وَذُلًّا يُذِلُّ اللهُ بِهِ الكُفْرَ» وَكَانَ تَمِيمٌ الدَّارِيُّ يَقُولُ: قَدْ عَرَفْتُ ذَلِكَ فِي أَهْلِ بَيْتِي، لَقَدْ أَصَابَ مَنْ أَسْلَمَ مِنْهُمُ الْخَيْرُ وَالشَّرَفُ وَالْعِزُّ، وَلَقَدْ أَصَابَ مَنْ كَانَ مِنْهُمْ كَافِرًا الذُّلُّ وَالصَّغَارُ وَالْجِزْيَةُ.
المزيد
Аз Тамими Дорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад. Бо иззати азиз ё зиллат ва хории залил ҳамроҳ мегардонад. Иззате, ки Аллоҳ ба воситаи он Исломро иззат мебахшад ва зиллате, ки Аллоҳ ба воситаи он куфрро залил ва хор мегардонад". Тамими Дорӣ мегуфт: Инро дар миёни хонаводаам шоҳид будам, касоне аз хонаводаам, ки Исломро пазируфта буданд, ба хайру шараф ва иззат даст ёфтанд ва онон ки кофир монданд, хору залил шуда ҷизя пардохтанд.