عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِذَا شَكَّ أَحَدُكُمْ فِي صَلَاتِهِ، فَلَمْ يَدْرِ كَمْ صَلَّى ثَلَاثًا أَمْ أَرْبَعًا، فَلْيَطْرَحِ الشَّكَّ، وَلْيَبْنِ عَلَى مَا اسْتَيْقَنَ، ثُمَّ يَسْجُدُ سَجْدَتَيْنِ قَبْلَ أَنْ يُسَلِّمَ، فَإِنْ كَانَ صَلَّى خَمْسًا شَفَعْنَ لَهُ صَلَاتَهُ، وَإِنْ كَانَ صَلَّى إِتْمَامًا لِأَرْبَعٍ كَانَتَا تَرْغِيمًا لِلشَّيْطَانِ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 571]
المزيــد ...
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом додан ду саҷда кунад. Пас агар панҷ ракаъат хонда бошад, намозашро ҷуфт месозад ва агар чаҳор ракаъат хонда бошад, ин боиси ноумедии шайтон мешавад."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 571]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар намозгузор дар намозаш дучори шак шуд ва надонист, ки се ракаъат хондааст ё чаҳор ракаъат, дар ин сурат рақами изофӣ ва шубҳанокро канор гузорад, зеро се ракаъат мавриди яқин аст (яъне мутмаин аст, ки се ракаъат хондааст, аммо ракаъати чаҳорум мавриди шак аст) пас ракаъати чаҳорумро адо мекунад ва пеш аз салом додан ду саҷда мекунад.
Пас агар дар ҳақиқат чаҳор ракаъат хонда бошад бо иловаи он ракаъат панҷ ракаъат хоҳад шуд, вале саҷдаҳои саҳв ба ҷои як ракаъат аст. Ва дар натиҷа адади ракаъатҳо ҷуфт хоҳанд шуд, на тоқ. Ва агар он ракаъати илова шуда ракаъати чаҳорум бошад, намозашро бидуни изофа ва нақс адо кардааст.
Ва он ду саҷдаи саҳв боиси хору залил шудани шайтон мешавад ва ӯро бо дасти холӣ аз ҳадафе, ки дошт, дур мекунад. Зеро ӯ бар намози шахс пӯшиш андохта ва ӯро дучори шак карда буд ва қасдан намози ӯро фосид карданӣ буд. Аммо аз он ҷое, ки фарзанди одам амри Аллоҳ барои саҷдаро анҷом дод, намозаш комил аст, яъне ҳамон чизе, ки иблис аз анҷомаш сарпечӣ кард ва аз тоати Аллоҳ барои саҷда ба Одам худдорӣ намуда буд.