+ -

عَنْ زِيَادِ بْنِ لَبِيدٍ رضي الله عنه قَالَ:
ذَكَرَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ شَيْئًا، فَقَالَ: «ذَاكَ عِنْدَ أَوَانِ ذَهَابِ الْعِلْمِ» قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، وَكَيْفَ يَذْهَبُ الْعِلْمُ، وَنَحْنُ نَقْرَأُ الْقُرْآنَ وَنُقْرِئُهُ أَبْنَاءَنَا وَيُقْرِئُهُ أَبْنَاؤُنَا أَبْنَاءَهُمْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ؟ قَالَ: «ثَكِلَتْكَ أُمُّكَ زِيَادُ، إِنْ كُنْتُ لَأُرَاكَ مِنْ أَفْقَهِ رَجُلٍ بِالْمَدِينَةِ، أَوَلَيْسَ هَذِهِ الْيَهُودُ وَالنَّصَارَى يَقْرَؤونَ التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ، لَا يَعْمَلُونَ بِشَيْءٍ مِمَّا فِيهِمَا؟!».

[صحيح لغيره] - [رواه ابن ماجه] - [سنن ابن ماجه: 4048]
المزيــد ...

Аз Зиёд ибни Лабид (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст". Гуфтам: Эй расули Худо! Чигуна илм аз байн меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро мехонем ва онро ба фарзандони худ меомӯзонем ва фарзандони мо низ ба фарзандони худ меомӯзонанд ва ҳамин гуна то рӯзи қиёмат идома хоҳад ёфт? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй Зиёд! Модарат дар азоят бинишинад, туро аз фақеҳтарин мардони Мадина фикр мекардам, оё намебинӣ, ки яҳудиён ва насрониён Таврот ва Инҷилро мехонанд ва ба ҳеҷ яке аз фармудаҳои он амал намекунанд?".

[صحيح لغيره] - [رواه ابن ماجه] - [Сунани ибни Моҷаҳ - 4048]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ёронаш нишаста буд ва фармуд: як замоне аст, ки илм аз миёни мардум бардошта мешавад, Зиёд ибни Лабиди ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ин сухани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тааҷҷуб афтода аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: чигуна илм аз дасти мо меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро хонда онро ҳифз кардаем? Савганд ба Худо мо онро мехонем ва ба занону фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худ онро меомӯзонем. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо тааҷҷуб гуфт: Модарат дар азоят бинишинад эй Зиёд! Ман туро аз олимони Мадина мешумурдам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки: аз байн рафтани илм ба маънои аз даст рафтани Қуръон нест, балки амал накардан ба илм, ба маънои аз байн рафтани он аст. Яҳуд ва насоро, ки барояшон Таврот ва Инҷил фиристода шудааст, барояшон суде набахшид, зеро онҳо бо он амал накарданд ва аз ончи дар он барояшон дастур шудааст баҳраманд нашуданд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳамин гуна доштани Қуръон ва амал накардани мардум ба он ҳеҷ суде нахоҳад дошт.
  2. Аз байн рафтани илм шомили чанд мавриди зайл аст: вафоти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), вафоти олимон ва амал накардан ба илм.
  3. Яке аз нишонаҳои қиёмат низ аз байн рафтани илм ва амал накардан ба он аст.
  4. Чун инҷо ҳадаф амал кардан ба илм аст, пас бояд барои он ташвиқ ва даъват карда шавад.
Бештар