عَنْ أَبي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَا مِنْ صَاحِبِ ذَهَبٍ وَلَا فِضَّةٍ، لَا يُؤَدِّي مِنْهَا حَقَّهَا، إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ، صُفِّحَتْ لَهُ صَفَائِحُ مِنْ نَارٍ، فَأُحْمِيَ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ، فَيُكْوَى بِهَا جَنْبُهُ وَجَبِينُهُ وَظَهْرُهُ، كُلَّمَا بَرَدَتْ أُعِيدَتْ لَهُ، فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ، حَتَّى يُقْضَى بَيْنَ الْعِبَادِ، فَيَرَى سَبِيلَهُ، إِمَّا إِلَى الْجَنَّةِ، وَإِمَّا إِلَى النَّارِ»
قِيلَ: يَا رَسُولَ اللهِ، فَالْإِبِلُ؟ قَالَ: «وَلَا صَاحِبُ إِبِلٍ لَا يُؤَدِّي مِنْهَا حَقَّهَا، وَمِنْ حَقِّهَا حَلَبُهَا يَوْمَ وِرْدِهَا، إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ، بُطِحَ لَهَا بِقَاعٍ قَرْقَرٍ، أَوْفَرَ مَا كَانَتْ، لَا يَفْقِدُ مِنْهَا فَصِيلًا وَاحِدًا، تَطَؤُهُ بِأَخْفَافِهَا وَتَعَضُّهُ بِأَفْوَاهِهَا، كُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ أُولَاهَا رُدَّ عَلَيْهِ أُخْرَاهَا، فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ، حَتَّى يُقْضَى بَيْنَ الْعِبَادِ، فَيَرَى سَبِيلَهُ إِمَّا إِلَى الْجَنَّةِ، وَإِمَّا إِلَى النَّارِ»
قِيلَ: يَا رَسُولَ اللهِ، فَالْبَقَرُ وَالْغَنَمُ؟ قَالَ: «وَلَا صَاحِبُ بَقَرٍ، وَلَا غَنَمٍ، لَا يُؤَدِّي مِنْهَا حَقَّهَا، إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ بُطِحَ لَهَا بِقَاعٍ قَرْقَرٍ، لَا يَفْقِدُ مِنْهَا شَيْئًا، لَيْسَ فِيهَا عَقْصَاءُ، وَلَا جَلْحَاءُ، وَلَا عَضْبَاءُ تَنْطَحُهُ بِقُرُونِهَا وَتَطَؤُهُ بِأَظْلَافِهَا، كُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ أُولَاهَا رُدَّ عَلَيْهِ أُخْرَاهَا، فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ، حَتَّى يُقْضَى بَيْنَ الْعِبَادِ، فَيَرَى سَبِيلَهُ إِمَّا إِلَى الْجَنَّةِ، وَإِمَّا إِلَى النَّارِ»
قِيلَ: يَا رَسُولَ اللهِ، فَالْخَيْلُ؟ قَالَ: «الْخَيْلُ ثَلَاثَةٌ: هِيَ لِرَجُلٍ وِزْرٌ، وَهِيَ لِرَجُلٍ سِتْرٌ، وَهِيَ لِرَجُلٍ أَجْرٌ، فَأَمَّا الَّتِي هِيَ لَهُ وِزْرٌ، فَرَجُلٌ رَبَطَهَا رِيَاءً وَفَخْرًا وَنِوَاءً عَلَى أَهْلِ الْإِسْلَامِ، فَهِيَ لَهُ وِزْرٌ، وَأَمَّا الَّتِي هِيَ لَهُ سِتْرٌ، فَرَجُلٌ رَبَطَهَا فِي سَبِيلِ اللهِ، ثُمَّ لَمْ يَنْسَ حَقَّ اللهِ فِي ظُهُورِهَا وَلَا رِقَابِهَا، فَهِيَ لَهُ سِتْرٌ وَأَمَّا الَّتِي هِيَ لَهُ أَجْرٌ، فَرَجُلٌ رَبَطَهَا فِي سَبِيلِ اللهِ لِأَهْلِ الْإِسْلَامِ، فِي مَرْجٍ وَرَوْضَةٍ، فَمَا أَكَلَتْ مِنْ ذَلِكَ الْمَرْجِ، أَوِ الرَّوْضَةِ مِنْ شَيْءٍ، إِلَّا كُتِبَ لَهُ، عَدَدَ مَا أَكَلَتْ حَسَنَاتٌ، وَكُتِبَ لَهُ، عَدَدَ أَرْوَاثِهَا وَأَبْوَالِهَا، حَسَنَاتٌ، وَلَا تَقْطَعُ طِوَلَهَا فَاسْتَنَّتْ شَرَفًا، أَوْ شَرَفَيْنِ، إِلَّا كَتَبَ اللهُ لَهُ عَدَدَ آثَارِهَا وَأَرْوَاثِهَا حَسَنَاتٍ، وَلَا مَرَّ بِهَا صَاحِبُهَا عَلَى نَهْرٍ، فَشَرِبَتْ مِنْهُ وَلَا يُرِيدُ أَنْ يَسْقِيَهَا، إِلَّا كَتَبَ اللهُ لَهُ، عَدَدَ مَا شَرِبَتْ، حَسَنَاتٍ»
قِيلَ: يَا رَسُولَ اللهِ، فَالْحُمُرُ؟ قَالَ: «مَا أُنْزِلَ عَلَيَّ فِي الْحُمُرِ شَيْءٌ، إِلَّا هَذِهِ الْآيَةَ الْفَاذَّةُ الْجَامِعَةُ»: {فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ، وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ} [الزلزلة: 8].
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар соҳиби тилло ё нуқрае, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), рӯзи қиёмат барои ӯ тахтаҳои оташин сохта мешавад, ва он тахтаҳо дар оташи дӯзах тафсонда мегарданд. Сипас паҳлӯяш, пешонӣ ва пушташ бо онҳо тамға зада мешавад. Ҳар гоҳе, ки он тахтаҳо сард гардад, дубора гарм карда мешавад, дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то вақте ки байни мардум қазоват шавад, сипас роҳашро ё ба ҷаннат, ё ба дӯзах мебинад." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи шутурҳо пурсида шуд. Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ҳар касе, ки шутур дорад ва ҳаққи онҳоро (монанди додани ҳаққи закот) намедиҳад, - ва яке аз он ҳуқуқ, душидани онҳо рӯзи обнӯшӣ ва бахшидани баъзе аз ширашон ба фақирон ва роҳгузарон аст - рӯзи қиёмат дар саҳрои васеи ҳамвор ва паҳновар хобонида мешавад ва шутурон бо беҳтарин ва фарбеҳтарин ҳолате, ки дар дунё доштанд, ҳатто як шутури ширхора ҳам кам намешавад, ӯро бо пойҳояшон зер мекунанд ва бо даҳонҳояшон мегазанд. Ҳар боре, ки охирин шутур аз болои ӯ гузарад, шутури аввали ба сари ӯ баргардонда мешавад. Ин ҳолат идома мекунад дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то миёни мардум қазоват шавад, он гоҳ мебинад, ки роҳаш ба ҷаннат аст ё ба дӯзах." Пурсида шуд: Эй Расули Худо! Пас говҳо ва гӯсфандҳо чӣ?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар соҳиби гов ё гӯсфанде, ки ҳаққи онҳоро намедиҳад, рӯзи қиёмат дар замини ҳамвор ва паҳновар хобонда мешавад. Говҳо ва гусфандҳо дар ҳоле, ки ҳатто яке аз онҳо кам нестанд, дар байн онҳо на шохшикаста аст, на бешох ва на гӯшбурида, ҳама солиманд. Бо шохҳояшон ба ӯ мезананд ва бо пояшон поймолаш мекунанд. Ҳар боре, ки аввалияшон аз болояш мегузарад, охиронаш ба сари ӯ баргардонда мешавад. Ин ҳолат идома мекунад дар рӯзе, ки дарозии он миқдори панҷоҳ ҳазор сол аст, то миёни мардум қазоват шавад, он гоҳ мебинад, ки роҳаш ба ҷаннат аст ё ба дӯзах." Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки Ҳукми асп чист? Фармуданд: "Аспҳо се навъанд: аспе, ки барои соҳибаш гуноҳ аст, аспе, ки барои соҳибаш василаи осоиш ва пӯшонидани ниёз аст ва аспе, ки барои соҳибаш аҷру савоб аст.
Аммо аспе, ки барои соҳибаш гуноҳ аст, шахсе аст, ки аспро бо нияти намоиш, фахрфурӯшӣ ва душманӣ бо мусалмонон нигоҳ медорад. Ин асп барои соҳибаш мояи гуноҳ аст.
Аммо аспе, ки бар соҳибаш муҳофизат (ситр) аст, шахсе аст, ки аспро ба хотири Аллоҳ нигоҳ медорад ва фаромӯш намекунад, ки ҳангоми савор шудан бар ҳайвон, ё нигоҳдорӣ аз он, фармони илоҳиро дар бораи ҳайвон риоят кунад, чунин асп сабаби осоиш ва наҷоти соҳибаш мебошад.
Аммо аспе, ки барои соҳибаш аҷру савоб аст. Шахсе аст, ки аспро барои ҷиҳод дар роҳи Худо, ё хидмат ба мусалмонон нигоҳ медорад, онро дар чарогоҳ ё боғи сабзе мебандад. Чунин асп барои соҳибаш мояи аҷру савоб аст. Ҳар чизе, ки аз он чарогоҳ бихӯрад, барои соҳибаш ба шумори баргҳо ё гиёҳоне, ки мехӯрад, ҳасанот ва некӣ навишта мешавад. Ба шумори саргинҳо ва пешобҳояш барои соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Ҳатто агар асп ресмонашро пора карда аз як ё ду тепа гузарад, ба андозаи ҷои пойҳояш ва фазалоте, ки бар ҷо мегузорад, ба соҳибаш аҷру савоб навишта мешавад. Чунончи, агар аз дарёе бигзарад ва об бихӯрад, ҳатто агар соҳибаш қасди об доданашро надошта бошад, Аллоҳ Таъоло ба андозаи обе, ки он асп нӯшидааст, ба соҳибаш аҷру савоб менависад."