1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Сират ва таърих

Ҳадис Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤمنينَ رضي الله عنها قَالَتْ:
كُنْتُ أَغْتَسِلُ أَنَا وَالنَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْ إِنَاءٍ وَاحِدٍ كِلاَنَا جُنُبٌ، وَكَانَ يَأْمُرُنِي، فَأَتَّزِرُ، فَيُبَاشِرُنِي وَأَنَا حَائِضٌ، وَكَانَ يُخْرِجُ رَأْسَهُ إِلَيَّ وَهُوَ مُعْتَكِفٌ فَأَغْسِلُهُ وَأَنَا حَائِضٌ.

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки фармуд:
Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард. Ва дар ҳоли дар эътикоф буданаш сарашро ба сӯи ман берун мебаровард ва дар ҳоле ки ҳайз будам онро мешустам.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 299

Шарҳ

Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) дар бораи баъзе аз ҳолатҳои хусусияшон бо Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нақл кардааст. Аз ҷумла, ӯ ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз як зарфи об ғусли ҷанобат мекарданд ва ҳамроҳ аз он об мегирифтанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ мехостанд дар ҳоли ҳайз бо ӯ муошират кунанд, амр мекарданд, ки худро аз ноф то зонӯ бипӯшонад ва сипас бо ӯ муошират мекарданд, бидуни ин ки бо ӯ ҳамхоба шавад. Ва ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масҷид эътикоф менишастанд, сарашро ба сӯи Оиша, ки дар хонааш буд мебароварданд ва ӯ дар ҳоли ҳайз буданаш сари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мешуст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ғусл кардани зану мард аз як зарфи об ҷоиз аст.
  2. Муошират кардани зани ҳоиз дар ғайри шармгоҳ, ҷоиз аст ва ин ки баданаш пок аст.
  3. Пӯшидани эзор (пӯшондани байни ноф ва зону) дар вақти муошират мустаҳаб аст.
  4. Гирифтани сабабҳое, ки аз афтодан дар ҳаром монеъ мешавад.
  5. Мондани зани ҳоиз дар масҷид манъ аст.
  6. Дастрас кардани чизҳои тар ё хушк аз ҷониби зани ҳоиз, аз ҷумла шустани сар ва шона кардани мӯй мубоҳ аст.
  7. Муоширати некӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо хонаводаашон.

Намоиши тарҷумаҳо

59 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية