عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ أُمِّ المُؤمنين رضي الله عنها: أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«سَتَكُونُ أُمَرَاءُ فَتَعْرِفُونَ وَتُنْكِرُونَ، فَمَنْ عَرَفَ بَرِئَ، وَمَنْ أَنْكَرَ سَلِمَ، وَلَكِنْ مَنْ رَضِيَ وَتَابَعَ» قَالُوا: أَفَلَا نُقَاتِلُهُمْ؟ قَالَ: «لَا، مَا صَلَّوْا».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 1854]
المزيــد ...
Аз Умми Салама модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард, (гунаҳгор аст)". Гуфтанд: Оё бо онҳо ҷанг накунем? Фармуд:" На, то вақте ки намоз мегузоранд."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 1854]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки амироне бар мо ҳоким хоҳанд шуд, ки баъзе аз амалҳои онон мувофиқи шариат аст, хуб медонем ва баъзе дигарро, ки мухолифи шариат аст, мункар мебинем. Пас ҳар кас, ки он кори бадро бо дилаш бад дид ва қодир ба инкораш набуд, аз гуноҳ ва нифоқ пок мондааст. Ва ҳар ки қодир бошад, ки бо даст ё забони худ инкор кунад ва ба онҳо инкор кунад, аз гуноҳ ва мушорикат дар он солим мондааст. Аммо касе, ки аз кори онон розӣ бошад ва дар он кор аз онон пайравӣ кунад, ҳаммонанди онон ҳалок хоҳад шуд.
Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки оё бо ин ҳокимон, ки чунин ҳастанд ҷанг накунем? Ӯ ононро аз ин кор манъ кард ва фармуд: На, то вақте ки намозро дар миёни шумо баргузор мекунанд (наҷангед).