عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«مَا مِنْ نَبِيٍّ بَعَثَهُ اللهُ فِي أُمَّةٍ قَبْلِي إِلَّا كَانَ لَهُ مِنْ أُمَّتِهِ حَوَارِيُّونَ، وَأَصْحَابٌ يَأْخُذُونَ بِسُنَّتِهِ وَيَقْتَدُونَ بِأَمْرِهِ، ثُمَّ إِنَّهَا تَخْلُفُ مِنْ بَعْدِهِمْ خُلُوفٌ يَقُولُونَ مَا لَا يَفْعَلُونَ، وَيَفْعَلُونَ مَا لَا يُؤْمَرُونَ، فَمَنْ جَاهَدَهُمْ بِيَدِهِ فَهُوَ مُؤْمِنٌ، وَمَنْ جَاهَدَهُمْ بِلِسَانِهِ فَهُوَ مُؤْمِنٌ، وَمَنْ جَاهَدَهُمْ بِقَلْبِهِ فَهُوَ مُؤْمِنٌ، وَلَيْسَ وَرَاءَ ذَلِكَ مِنَ الْإِيمَانِ حَبَّةُ خَرْدَلٍ».
المزيد
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар паёмбаре, ки Аллоҳ дар умматони пеш аз ман мабъус кардааст, ёрони мухлис ва асҳобе доштанд, ки ба суннати ӯ амал мекарданд ва ба фармони ӯ пайравӣ менамуданд. Баъд аз онҳо касоне меоянд, ки ба гуфтаҳояшон амал намекунанд ва корҳое мекунанд, ки ба он фармон дода нашудаанд. Ҳар касе, ки бо дасти худ бо онҳо ҷиҳод ва мубориза мекунад, муъмин аст. Ва ҳар касе, ки бо забонаш бо онҳо ҷиҳоду мубориза мекунад, муъмин аст. Ва ҳар касе, ки бо дили худ ҷиҳод мекунад (инкор мекунад), ӯ ҳам муъмин аст. Баъд аз ин мартаба, ба андозаи донаи хардал ҳам имон вуҷуд надорад."