Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо
Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард
Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод
Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад
Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош
Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст
Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст
Ҳар касе назди шумо омад, дар ҳоле ки шумо бар (итоати) як мард ҷамъ шуда иттифоқ кардаед ва хост то дар байни шумо тафриқа андозад ё ҷамоати шуморо аз ҳам ҷудо созад, ӯро бикушед
Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст
Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед
Худхоҳӣ ва дигар корҳое рух хоҳад дод, ки онро инкор хоҳед кард." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! (дар он ҳолат) моро ба чӣ амр мекунӣ? Гуфт: " Он ҳаққе, ки бар шумо аст, анҷом медиҳед ва он чи барои шумо аст, аз Аллоҳ мехоҳед
Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он
Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад
Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом хаста ва дармонда мешавад ва дин бар ӯ ғалаба мекунад. Пас роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш бигиред
Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро мебардорад ва молу сарват фаровон мешавад, ки касе онро намепазирад