عن سَعِيدِ بْنِ الْمُسَيَّبِ، عَنْ أَبِيهِ قَالَ:
لَمَّا حَضَرَتْ أَبَا طَالِبٍ الْوَفَاةُ، جَاءَهُ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم فَوَجَدَ عِنْدَهُ أَبَا جَهْلٍ وَعَبْدَ اللهِ بْنَ أَبِي أُمَيَّةَ بْنِ الْمُغِيرَةِ، فَقَالَ: «أَيْ عَمِّ، قُلْ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، كَلِمَةً أُحَاجُّ لَكَ بِهَا عِنْدَ اللهِ»، فَقَالَ أَبُو جَهْلٍ وَعَبْدُ اللهِ بْنُ أَبِي أُمَيَّةَ: أَتَرْغَبُ عَنْ مِلَّةِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ، فَلَمْ يَزَلْ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم يَعْرِضُهَا عَلَيْهِ، وَيُعِيدَانِهِ بِتِلْكَ الْمَقَالَةِ، حَتَّى قَالَ أَبُو طَالِبٍ آخِرَ مَا كَلَّمَهُمْ: عَلَى مِلَّةِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ، وَأَبَى أَنْ يَقُولَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم: «وَاللهِ لَأَسْتَغْفِرَنَّ لَكَ مَا لَمْ أُنْهَ عَنْكَ»، فَأَنْزَلَ اللهُ: {مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَنْ يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ} [التوبة: 113]، وَأَنْزَلَ اللهُ فِي أَبِي طَالِبٍ، فَقَالَ لِرَسُولِ اللهِ صلى الله عليه وسلم: {إِنَّكَ لا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَكِنَّ اللهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ} [القصص: 56].
المزيد
Саъид ибни Мусайиб аз падараш ривоят кардааст, ки гуфт:
Ҳангоме ки вафоти Абутолиб фаро расид, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ӯ омад, Абуҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абуумайя ибни Муғираро бо ӯ ёфт. Хитоб ба сӯи амакаш фармуд: " Эй амакам, Ло илоҳа илла Аллоҳ, бигӯ, калимае, ки бо он назди Аллоҳ аз ту дифоъ кунам". Абуҷаҳл ва Абдуллоҳ ибни Абуумайя гуфтанд: Оё аз дини Абдулмутталиб рӯй мегардонӣ? Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин суханро пайваста бар ӯ пешниҳод мекард ва онон низ он суханро такрор мекарданд, то он ки Абутолиб дар охирин суханаш ба онон гуфт: "Бар дини Абдулмутталиб ҳастам" ва аз гуфтани Ло илоҳа илла Аллоҳ ибо варзид. Ровӣ мегӯяд: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба Аллоҳ савганд то вақте ки наҳйи нашавам, бароят истиғфор мекунам". Пас Аллоҳ Таъоло ин оятро нозил кард: "Барои Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз ин ки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дӯзаханд, омурзиш бихоҳанд." (Сураи Тавба, ояти 113). Аллоҳ Таъоло дар бораи Абутолиб ин оятро хитоб бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард: ([Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ Таъоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад.) (Сураи Қасас, ояти 56).