1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд)

عَنْ سَهْلُ بْنُ سَعْدٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ يَوْمَ خَيْبَرَ:
«لَأُعْطِيَنَّ هَذِهِ الرَّايَةَ غَدًا رَجُلًا يَفْتَحُ اللَّهُ عَلَى يَدَيْهِ، يُحِبُّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيُحِبُّهُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ»، قَالَ: فَبَاتَ النَّاسُ يَدُوكُونَ لَيْلَتَهُمْ أَيُّهُمْ يُعْطَاهَا، فَلَمَّا أَصْبَحَ النَّاسُ غَدَوْا عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كُلُّهُمْ يَرْجُو أَنْ يُعْطَاهَا، فَقَالَ: «أَيْنَ عَلِيُّ بْنُ أَبِي طَالِبٍ؟» فَقِيلَ: هُوَ يَا رَسُولَ اللَّهِ يَشْتَكِي عَيْنَيْهِ، قَالَ: «فَأَرْسِلُوا إِلَيْهِ»، فَأُتِيَ بِهِ فَبَصَقَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي عَيْنَيْهِ وَدَعَا لَهُ، فَبَرَأَ حَتَّى كَأَنْ لَمْ يَكُنْ بِهِ وَجَعٌ، فَأَعْطَاهُ الرَّايَةَ، فَقَالَ عَلِيٌّ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أُقَاتِلُهُمْ حَتَّى يَكُونُوا مِثْلَنَا؟ فَقَالَ: «انْفُذْ عَلَى رِسْلِكَ حَتَّى تَنْزِلَ بِسَاحَتِهِمْ، ثُمَّ ادْعُهُمْ إِلَى الإِسْلاَمِ، وَأَخْبِرْهُمْ بِمَا يَجِبُ عَلَيْهِمْ مِنْ حَقِّ اللَّهِ فِيهِ، فَوَاللَّهِ لَأَنْ يَهْدِيَ اللَّهُ بِكَ رَجُلًا وَاحِدًا، خَيْرٌ لَكَ مِنْ أَنْ يَكُونَ لَكَ حُمْرُ النَّعَمِ».

Аз Саҳл ибни Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи (ғазваи) Хайбар фармуданд:
"Фардо ин парчамро ба дасти марде медиҳам, ки Худованд ба дастҳои ӯ фатҳ меоварад. Худо ва расулашро дӯст медорад ва Худову расулаш ҳам ӯро дӯст медоранд." Гуфт: Мардум шабашонро бо ин суҳбат сипарӣ карданд, ки ба кадомашон дода хоҳад шуд. Чун (шабро) субҳ карданд, назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, дар ҳоле ки ҳар якашон умед дошт, то парчам ба ӯ дода шавад. Фармуд: "Алӣ ибни Абутолиб куҷост?" Гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ, чашмони ӯ дард мекунад. Фармуд: "Дунболаш кас бифиристед." Ӯро оварданд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оби даҳонашро ба чашмонаш молида, дар ҳаққаш дуо кард ва чунон сиҳат ёфт, ки гӯё аслан дарде надошт ва парчамро ба ӯ дод. Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо онҳо биҷангам, то мисли мо бошанд. Фармуданд: "Ба роҳат идома деҳ, то ба минтақаашон фуруд ойӣ ва баъд онҳоро ба Ислом даъват кун ва хабар деҳ ононро ба ҳуқуқе, ки Худованд бар онҳо дар ин маврид лозим сохта ва савганд ба Аллоҳ, ки агар Худованд ба василаат як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст." (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд).

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 4210

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобагон хабар дод, ки фардо мусалмонон бар яҳудиёни Хайбар пирӯз хоҳанд шуд. Ва ин пирӯзӣ ба дасти марде рух хоҳад дод, ки байрақро ба дасташ медиҳад ва манзур аз байрақ, парчаме аст, ки лашкар ба унвони нишонаи худ қарор медиҳад. Ва аз хислатҳои он мард ин аст, ки Аллоҳ ва расулашро дӯст медорад ва Аллоҳ ва расулаш низ ӯро дӯст медоранд. Саҳоба он шабро дар ҳоли суҳбат ва андешидан дар бораи ин ба субҳ расониданд, ки парчам ба кӣ дода хоҳад шуд? Зеро ҳама шавқи ба даст овардани ин шарафи бузургро доштанд. Ҳамин ки саҳар шуд ҳама ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рафтанд, дар ҳоле ки ҳар кадоме умед дошт, ки ба ин шараф ноил гардад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) пурсид, ки куҷо аст?
Гуфтанд: Ӯ бемор аст, аз чашмонаш шикоят мекунад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро ба наздаш фиристод, ки ӯро биёварад. Пас оби даҳони муборакашро бар чашмони Алӣ кашид ва барояш дуо кард. Алӣ чунон шифо ёфт, ки гӯё ҳеҷ беморие надошт. Пас парчамро ба ӯ дод ва амраш кард, ки ба оромӣ ба пеш равад, то ба қалъаи душман бирасад ва ворид шудан ба Исломро бар онон пешниҳод кунад, пас агар пазируфтанд, фароизе, ки бар уҳдаашон аст ба онон бирасонад.
Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати даъват ба сӯи Аллоҳро барои Алӣ баён кард. Ва баён кард, ки даъваткунанда агар сабаби ҳидояти танҳо як шахс шавад, ин барои ӯ беҳтар аз шутурҳои сурхе аст, ки гаронбаҳотарин сарватҳои араб буданд, ки метавонад соҳиби он шавад ё садақааш кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) ва шаҳодати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ, ки Аллоҳ ва паёмбарашро дӯст медорад ва Аллоҳу паёмбараш ӯро дӯст медоранд.
  2. Таваҷҷуҳи шадиди саҳоба ба амалҳои хайр ва мусобиқа кардани онон ба сӯи ҳар кори хайр.
  3. Машруъияти одоб ҳангоми ҷанг ва канорагирӣ аз беэҳтиётӣ аз садоҳои озордиҳандае, ки ниёзе ба он нест.
  4. Аз далелҳои нубуввати ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабари пирӯзӣ бар яҳудиён ва шифо ёфтани чашмони Алӣ ибни Абутолиб ба дасти ӯ - ба изни Аллоҳ- буд.
  5. Бузургтарин ҳадафи ҷиҳод ин аст, ки мардум ба Ислом дароянд.
  6. Даъват тадриҷан сурат мегирад, бинобар ин нахуст кофир бо хондани ду шаҳодат ба Ислом пазируфта мешавад, баъд аз он ба иҷрои фарзҳои Ислом амр карда мешавад.
  7. Фазилати даъват ба Ислом ва хайре, ки ба даъватшуда ва даъваткунанда меорад, шояд даъватшавандаро ҳидоят кунад ва ба даъваткунанда савоби бузурге диҳад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية