Дастабандӣ:
+ -

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«كُلُّ سُلَامَى مِنَ النَّاسِ عَلَيْهِ صَدَقَةٌ، كُلَّ يَوْمٍ تَطْلُعُ فِيهِ الشَّمْسُ تَعْدِلُ بَيْنَ الِاثْنَيْنِ صَدَقَةٌ، وَتُعِينُ الرَّجُلَ فِي دَابَّتِهِ فَتَحْمِلُهُ عَلَيْهَا أَوْ تَرْفَعُ لَهُ عَلَيْهَا مَتَاعَهُ صَدَقَةٌ، وَالكَلِمَةُ الطَّيِّبَةُ صَدَقَةٌ، وَكُلُّ خُطْوَةٍ تَمْشِيهَا إِلَى الصَّلَاةِ صَدَقَةٌ، وَتُمِيطُ الأَذَى عَنِ الطَّرِيقِ صَدَقَةٌ».

[صحيح] - [رواه البخاري ومسلم] - [الأربعون النووية: 26]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".

[صحيح] - [رواه البخاري ومسلم] - [الأربعون النووية - 26]

Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки бар ҳар мусалмони мукаллаф дар ҳар шабонарӯз ба андозаи адади мафосили устухонҳояш садақае аз рӯйи шукр барои Аллоҳ Таъоло, ки ба ӯ иноят бахшидааст ва барои устухонҳояш мафосиле қарор додааст, то онҳоро боз ва баста кунад, лозим аст. Ва ин ки ин садақа бо тамоми корҳои хайр анҷом дода мешавад ва маҳдуд ба бахшидани мол нест, аз ҷумла: Адолат ва оштӣ андохтан миёни ду шахсе, ки бо ҳам ихтилоф доранд, садақа аст, Вақте ба нотавоне кумак мекунӣ ба маркабаш савор шавад ва ашёашро барояш бардошта медиҳӣ, садақа аст. Сухани нек, аз қабили зикр, дуо, сулҳ ва ғайра, садақа аст. Ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ, садақа аст. Ва аз роҳ дур кардани он чи зараровар аст, садақа аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Сохтор ва якпорчагии устухонҳои инсон яке аз бузургтарин неъматҳои Аллоҳ Таъоло аст. Аз ин рӯ, ҳар устухонро бояд аз номи худ садақа дод, то шукронаи он неъмат пурра шавад.
  2. Ташвиқ ва тарғиб барои идомаи ин неъматҳо ҳар рӯз шукрона кардан.
  3. Ташвиқ ба идома додани нофилаҳо ва садақаҳои ихтиёрӣ ҳар рӯз.
  4. Фазилати ислоҳ байни одамон.
  5. Ташвиқ ба ёрӣ додани бародарон, зеро ин ёрӣ додан худаш садақа аст.
  6. Ташвиқ ба ҳозир шудан ба намозҳои ҷамоат ва роҳ рафтан ба сӯи масҷидҳо ва обод кардани масҷидҳо бо ин кор.
  7. Эҳтиром ба роҳҳои мусалмонон бо дур сохтани ҳар он чи ба онон озору зиён мерасонад, воҷиб аст.
Тарҷума: Англисӣ Урду Индонезӣ Бангладешӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Амҳарӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Дарӣ Сербӣ Кинёрвондӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري الولوف Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية المقدونية الخميرية
Намоиши тарҷумаҳо
Дастабандишудаҳо
Бештар