عَنْ أَبِي نَجِيحٍ العِرْبَاضِ بْنِ سَارِيَةَ رضي الله عنه قَالَ: وَعَظَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَوْعِظَةً وَجِلَتْ مِنْهَا القُلُوبُ، وَذَرَفَتْ مِنْهَا العُيُونُ، فَقُلْنَا: يَا رَسُولَ اللهِ! كَأَنَّهَا مَوْعِظَةُ مُوَدِّعٍ؛ فَأَوْصِنَا، قَالَ:
«أُوصِيكُمْ بِتَقْوَى اللَّهِ، وَالسَّمْعِ وَالطَّاعَةِ، وَإِنْ تَأَمَّرَ عَلَيْكُمْ عَبْدٌ، فَإِنَّهُ مَنْ يَعِشْ مِنْكُمْ بَعْدِي فَسَيَرَى اخْتِلَافًا كَثِيرًا، فَعَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ المَهْدِيينَ، عَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الأُمُورِ؛ فَإِنَّ كُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي] - [الأربعون النووية: 28]
المزيــد ...
Аз Абӯ Наҷиҳ ал-Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро панде дод, ки қалбҳо аз он ба ларза омаданд ва ашкҳо аз чашмҳо ҷорӣ шуд. Гуфтем: Эй Расули Худо! Ин гӯё мавъизаи касест, ки бо мо видоъ мекунад. Ба мо васият кун! Фармуд:
"Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед. Ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) эҳтиёт кунед, зеро ҳар бидъате гумроҳист".
[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي] - [الأربعون النووية - 28]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоби худ мавъизаи балиғе карданд, ки дилҳоро ба тарсу ҳарос ва ашкро ба чашмонашон овард. Пас чун муболиға ва умқи мавъизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро диданд, гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гӯё ин хутбаи видоъ аст, пас аз ӯ васияте хостанд, ки баъд аз ишон ба он пойбанд бошанд. Фармуданд: Шуморо тавсия медиҳам, ки аз Аллоҳ Таъоло бо анҷом додани фарзҳояш ва тарк кардани муҳаррамоташ битарсед. Шунидан ва итоат кардан, яъне ба ҳокимон, ҳатто агар бардае ба иморати шумо ё ба вилояти шумо расид, яъне, камтарин мардум ҳокими шумо шуд аз ӯ итоат кунед ва аз тарси барангехтани фитна аз итоати ӯ сар натобед, зеро ҳар ки аз шумо зинда бимонад ихтилофи зиёдеро хоҳад дид. Сипас роҳи раҳоӣ аз ин ихтилофро ба онҳо фаҳмонд, ки он ҳам тамассук ба суннати худ ва суннати халифаҳои ҳидоятёфтааш баъд аз ӯ, монанди Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва гирифтани он бо дандонҳо аст. Ва мақсад аз ин мисол ҷиддият дар риояи суннат ва пойбандӣ ба он аст. Ононро аз корҳои навпайдо ва тозасохта дар дин ҳушдор дод, зеро ҳар бидъат гумроҳӣ аст.