1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Даъват ва ҳисба

Ҳадис Яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ назди ҳокими ситамгар аст

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِنَّ مِنْ أَعْظَمِ الجِهَادِ كَلِمَةَ عَدْلٍ عِنْدَ سُلْطَانٍ جَائِرٍ».

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ назди ҳокими ситамгар аст."

حسن لغيره رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد Сунани Тирмизӣ - 2174

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз бузургтарин ва судмандтарин навъҳои ҷиҳод дар роҳи Худованд, гуфтани сухани ҳақ ва одилона назди подшоҳ ё ҳокими золим аст. Зеро ин аз амалҳои наҳй аз мункар ва амр ба маъруф ба шумор меравад, хоҳ бо гуфтор бошад, ё бо навиштан, ё бо амал, ё ҳар роҳе, ки дар он манфиате ба даст ояду фасоде дур шавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз навъҳои ҷиҳод дар роҳи Худост.
  2. Насиҳат кардан ба ҳоким яке аз бузургтарин навъҳои ҷиҳод аст, аммо бояд бо илму ҳикмат ва матонату устуворӣ анҷом шавад.
  3. Хаттобӣ мегӯяд: Ин навъи ҷиҳод — яъне гуфтани ҳақ назди ҳокими золим — беҳтарин ҷиҳод шуморида мешавад, зеро касе, ки бо душмани зоҳирӣ меҷангад, байни умед ва тарс аст: намедонад пирӯз мешавад ё шикаст мехӯрад. Аммо касе, ки назди султон (ҳоким) меравад, дар дасти ӯ маҷбур ва зери фишор аст. Агар ҳақро бигӯяд ва ӯро ба некӣ фаро хонда, аз бадӣ манъ кунад, худро дар хатар меандозад, ки мумкин аст ба ҷони худ зарар расонад. Аз ин рӯ, гуфтани ҳақ дар чунин ҳолат бо вуҷуди тарс ва хатар, беҳтарин ҷиҳод аст. Ҳамчунин гуфта шудааст: сабаби афзал будани ин амал он аст, ки агар ҳоким ба он гӯш диҳад ва амал кунад, манфиати он ба мардумони зиёде мерасад, дар натиҷа фоида ва манфиат паҳн мегардад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية