1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Даъват ва ҳисба

Ҳадис Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он

عَنِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيرٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«مَثَلُ القَائِمِ عَلَى حُدُودِ اللَّهِ وَالوَاقِعِ فِيهَا، كَمَثَلِ قَوْمٍ اسْتَهَمُوا عَلَى سَفِينَةٍ، فَأَصَابَ بَعْضُهُمْ أَعْلاَهَا وَبَعْضُهُمْ أَسْفَلَهَا، فَكَانَ الَّذِينَ فِي أَسْفَلِهَا إِذَا اسْتَقَوْا مِنَ المَاءِ مَرُّوا عَلَى مَنْ فَوْقَهُمْ، فَقَالُوا: لَوْ أَنَّا خَرَقْنَا فِي نَصِيبِنَا خَرْقًا وَلَمْ نُؤْذِ مَنْ فَوْقَنَا، فَإِنْ يَتْرُكُوهُمْ وَمَا أَرَادُوا هَلَكُوا جَمِيعًا، وَإِنْ أَخَذُوا عَلَى أَيْدِيهِمْ نَجَوْا، وَنَجَوْا جَمِيعًا».

Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он. Пас онон ки дар поин буданд ва ҳаргоҳ ниёз ба об мешуданд, аз назди касоне, ки дар боло буданд мегузаштанд. Пас (худ ба худ) гуфтанд: Агар дар қисме, ки мо ҳастем (табақаи поини киштӣ) сурохе бикунем (барои об гирифтан) ва касоне, ки дар болои мо ҳастанд музоҳими онон нашавем. Ҳоло агар ононро бо қасде, ки доранд раҳо кунанд, ҳама ҳалок мешаванд (касони дар боло буда ва касони дар поён будаги). Ва агар монеъи онон шаванд, ҳамаашон наҷот меёбанд."

Саҳеҳ رواه البخاري Саҳеҳ Бухорӣ - 2493

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои касоне, ки қонунҳои гузоштаи Аллоҳро риоят мекунанд ва фармони Ӯро ба ҷой меоранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд, мисол овардааст. Ва барои касоне, ки аз қонунҳои Аллоҳ итоат намекунанд ва ба он дастдарозӣ мекунанд ва корҳои некро тарк карда муртакиби корҳои бад мешаванд ва таъсири онон дар наҷоти ҷомеъа, мисол заданд. Онон монанди касоне ҳастанд, ки савори киштӣ шуданд ва сипас қуръа андохтанд, ки кадоме аз онҳо дар болои киштӣ ва кадоми онҳо дар поини киштӣ савор мешаванд. Пас гурӯҳе аз онҳо дар болои киштӣ ва гурӯҳе дар поини киштӣ нишастанд. Гурӯҳе, ки дар поини киштӣ буданд, ҳар вақт мехостанд об биёранд аз назди боло будагиҳо мегузаштанд ва ононро музоҳим мешуданд. Пас ононе, ки дар поин буданд бо ҳамдигар гуфтанд: Агар мо дар ҷои нишасти худ киштиро сурохе мекардем ва аз онҷо об мегирифтем, то ба касоне, ки дар болои мо ҳастанд ба онон зиён нарасонем. Агар онон, ки дар боло ҳастанд поин будагиҳоро раҳо мекарданд ва иҷозат медоданд, ки киштиро сурох кунанд, ҳамаашон ғарқ мешуданд. Ва агар ононро манъ кунанд, ҳамаашон наҷот меёбанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аҳамияти амри маъруф ва наҳй аз мункар дар нигоҳдорӣ ва наҷоти ҷомеаҳо.
  2. Яке аз усулҳои таълим додан зикр кардани зарбулмасал аст, ки он бо тасвири воқеӣ ба зеҳн наздик кардани маъноҳо мебошад.
  3. Анҷом додани кори мункар бидуни инкори он мафсадае аст, ки зиёни он ба ҳамаи ҷомеа мерасад.
  4. Ҳалокати ҷомеа вақте ба амал меояд, ки гунаҳгорон раҳо шаванд, то дар рӯйи замин харобкорӣ кунанд.
  5. Тасарруфи хато ва нияти нек, барои дурустии кор кифоят намекунад.
  6. Масъулият дар ҷомеаи мусалмонӣ муштарак аст ва маҳдуд ба як шахси муайян нест.
  7. Оммаи мардум бо гуноҳони афроди хос - агар онро инкор накунанд - мавриди азоб қарор мегиранд.
  8. Онҳое, ки корҳои ношоиста мекунанд, бадиҳои худро тавре нишон медиҳанд, ки барои ҷомеа фоидаовар бошад, мисли мардуми мунофиқ.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية