1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ

عن عبد الله بن عمرو بن العاص رضي الله عنهما عن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«الْكَبَائِرُ: الْإِشْرَاكُ بِاللهِ، وَعُقُوقُ الْوَالِدَيْنِ، وَقَتْلُ النَّفْسِ، وَالْيَمِينُ الْغَمُوسُ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".

Саҳеҳ رواه البخاري Саҳеҳ Бухорӣ - 6675

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба баёни гуноҳони кабира пардохтанд ва манзур аз гуноҳони кабира он гуноҳоне ҳастанд, ки анҷомдиҳандааш ба ваъиди шадид дар дунё ва охират таҳдид шудааст.
Нахустини он гуноҳон "Ширк овардан ба Аллоҳ" аст. Ширк, яъне анҷом додани ҳар ибодате барои ғайри Аллоҳ ва баробар сохтани касе ё чизе ба Аллоҳ дар яке аз хусусиятҳои улуҳият ва рубубият ва номҳову сифатҳои Аллоҳ аст.
Дувум: "Оқи волидайн", яъне, ҳар амале, ки ба падару модар озор мерасонад, чи дар гуфтор ва чи дар рафтор бошад (оқи волидайн) аст. Инчунин беэътиноӣ ва некӣ накардан дар ҳаққи онҳо низ (дар ин гуноҳ) шомил мешавад.
Ва сеюм: "Куштани инсон", албатта, агар куштани ноҳақ бошад, монанди куштан аз рӯйи зулм ва таҷовуз дар ҳаққи дигаре.
Чаҳорум: "Савганди бардурӯғ", яъне савганде, ки шахси савгандхӯрда медонад, ки савгандаш дурӯғ аст. Ин савгандро "ғамус" (ғутавар) ном ниҳодаанд, ки соҳибашро дар гуноҳ ё дар оташи дӯзах ғутавар месозад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Савганди ғамус (савганди дурӯғин барои чизе, ки дар гузашта рух додааст) ба сабаби шиддати хатарнок ва ҷиноят буданаш каффора надорад, балки тавба дорад.
  2. Ба таври хос зикр шудани чаҳор гуноҳ дар ин ҳадис барои бузург будани ин гуноҳон аст, на барои маҳдуд кардани гуноҳони кабира.
  3. Гуноҳон бар ду навъ: кабира ва сағира тақсим мешаванд. Гуноҳи кабира: ҳар гуноҳе аст, ки барои он ҷазои дунявӣ омада бошад, аз қабили ҳудуд, нафрин ва лаънат ва ё таҳдиди ухравӣ монанди таҳдиди дӯзахӣ шудан. Гуноҳони кабира дараҷаҳо доранд, ки таҳрими баъзеашон шадидтар аз дигараш аст. Ҳар гуноҳе, ки аз ҷумлаи гуноҳони кабира набошад, гуноҳи сағира аст.

Намоиши тарҷумаҳо

63 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
YAO Yao الياو
KMR Kurmancî الكرمنجية