1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред

عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللهِ رضي الله عنهما أَنَّهُ سَمِعَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِذَا دَخَلَ الرَّجُلُ بَيْتَهُ، فَذَكَرَ اللهَ عِنْدَ دُخُولِهِ وَعِنْدَ طَعَامِهِ، قَالَ الشَّيْطَانُ: لَا مَبِيتَ لَكُمْ، وَلَا عَشَاءَ، وَإِذَا دَخَلَ، فَلَمْ يَذْكُرِ اللهَ عِنْدَ دُخُولِهِ، قَالَ الشَّيْطَانُ: أَدْرَكْتُمُ الْمَبِيتَ، وَإِذَا لَمْ يَذْكُرِ اللهَ عِنْدَ طَعَامِهِ، قَالَ: أَدْرَكْتُمُ الْمَبِيتَ وَالْعَشَاءَ».

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мефармояд:
"Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред. Ва чун ворид шавад ва ҳангоми ворид шудан номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон мегӯяд: Ҷойи хоби имшабро дарёфтед ва чун ҳангоми хӯрок номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон мегӯяд: Ҳам ҷойи хоб ёфтед ва ҳам хӯроки шом."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2018

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми ворид шудан ба хона ва пеш аз хӯрдани таом зикри Аллоҳро ба забон оваранд. Ва баён намуданд, ки агар бо гуфтани "Бисмиллоҳ" (Ба номи Аллоҳ) ҳангоми дохил шудан ба хона ва ҳангоми шуруъ кардан ба хӯрокхӯрӣ Аллоҳро ёд кунад, шайтон ба ёронаш мегӯяд: Имрӯз дар ин хона, ки соҳибаш аз шумо ба ёди Аллоҳ паноҳ бурдааст, баҳрае аз шаб мондан ва хӯроки шом надоред. Аммо агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми даромадан ва ҳангоми хӯрокхӯрӣ номи Аллоҳро зикр накунад, шайтон ба ёронаш мегӯяд, ки онҳо дар ин хона ҷойи хоб ва хӯрок дарёфт карданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Вақти даромадан ба хона ва вақти хӯрок хӯрдан зикр кардани номи Аллоҳ мустаҳаб аст. Зеро агар номи Аллоҳро нагӯед, шайтон дар хонаҳо мемонад ва аз хӯроки аҳли хона мехӯрад.
  2. Шайтон фарзанди Одамро дар ҳама корҳо ва рафторҳояш муроқибат мекунад, пас агар аз ёди Аллоҳ ғофил шуд ба муроди худ мерасад ва ҳар чи мехоҳад аз ӯ ба даст меорад.
  3. Зикр шайтонро берун мекунад.
  4. Ҳар шайтон пайравон ва дӯстон дорад, ки бо сухани ӯ шод мешаванд ва ба амри ӯ амал мекунанд.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية