1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِذَا تَوَضَّأَ أَحَدُكُمْ فَلْيَجْعَلْ فِي أَنْفِهِ ثُمَّ لِيَنْثُرْ، وَمَنِ اسْتَجْمَرَ فَلْيُوتِرْ، وَإِذَا اسْتَيْقَظَ أَحَدُكُمْ مِنْ نَوْمِهِ فَلْيَغْسِلْ يَدَهُ قَبْلَ أَنْ يُدْخِلَهَا فِي وَضُوئِهِ، فَإِنَّ أَحَدَكُمْ لاَ يَدْرِي أَيْنَ بَاتَتْ يَدُهُ». ولفظ مسلم: «إِذَا اسْتَيْقَظَ أَحَدُكُمْ مِنْ نَوْمِهِ فَلَا يَغْمِسْ يَدَهُ فِي الْإِنَاءِ حَتَّى يَغْسِلَهَا ثَلَاثًا، فَإِنَّهُ لَا يَدْرِي أَيْنَ بَاتَتْ يَدُهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад. Ва ҳаргоҳ яке аз шумо аз хобаш бедор шуд, пеш аз ворид кардани дасташ дар оби таҳораташ онро бишӯяд, зеро намедонад шаб дасташ дар куҷо будааст." Ва дар лафзи Муслим омадааст: "Ҳаргоҳ яке аз шумо аз хоб бедор шуд, дасташро дар об наядозад, то он ки онро се бор бишӯяд, зеро намедонад дасташ шаб куҷо будааст."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 162

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъзе аз аҳкоми таҳоратро баён намудаанд. Аз ҷумла: Якум: Касе, ки таҳорат мекунад бояд обро ҳамроҳи нафас ба биниаш ворид кунад ва сипас онро бо нафас берун созад. Дувум: Ҳар кас бихоҳад наҷосати аз худ хориҷшударо пок созад ва онро бо чизе ғайр аз об, монанди санг, коғаз ва монанди он дур кунад, бояд ба адади тоқ бошад, ки камтаринаш се ва болотаринаш миқдоре бошад, ки наҷосатро берун ва ҷои онро пок созад. Сеюм: Касе, ки аз хоби шаб бедор шавад, бояд дасти худро ба зарфи оби таҳорат нагузорад, то се бор онро дар беруни зарф бишӯяд, зеро намедонад, ки дасташ шаб дар куҷо будааст ва мутмаъин нест, ки наҷис нашудааст. Ва эҳтимол аст, ки шайтон ӯро бозӣ доронда ва ба чизҳое даст зада бошад, ки барои одамон зарароваранд ё обро фосид мекунанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Истиншоқ дар таҳорат воҷиб аст ва он бо нафас ба бинӣ об андохтан аст. Ва инчунин "истинсор" ҳам воҷиб аст, ва он бо нафас берун баровардани об аз бинӣ мебошад.
  2. Истиҷмор (бо санг ё кулух ё дигар чиз ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кардан) бо адади тоқ мустаҳаб аст.
  3. Се бор шустани дастон баъд аз хоби шабона машруъ ва ҷоиз аст.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية