Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад
Ҳар касе монанди ин таҳорати ман таҳорат кард ва ду ракаъат намоз хонд ва дар онҳо бо худ сухан нагуфт, гуноҳони гузаштааш бахшида хоҳад шуд
Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд
Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро
Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад
Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб
Ҳар вақт яке аз шумо аз хоб бедор шуд, (ва қасди вузӯ кард) бояд се бор обро дар бинӣ кунад ва онро бо фишор берун андозад, зеро шайтон шабро дар бинии ӯ мегузаронад
Марде таҳорат кард ва ҷоеро дар пояш ба миқдори нохун ношуста монд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дид ва фармуд: "Баргард ва таҳорататро хуб анҷом деҳ". Он мард баргашт таҳорат карда ва сипас намозашро хонд
Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вузӯ бигирад ва онро ба хубӣ анҷом диҳад, пас аз вузӯ бархезад ва ду ракъат намоз бо ҳузури дил ва таваҷҷуҳи комил (бо хушуъ ва хузуъ) бихонад, магар ин ки биҳишт бар ӯ воҷиб мегардад
Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад