1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд

عَنْ أَنَسٍ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَغْسِلُ، أَوْ كَانَ يَغْتَسِلُ، بِالصَّاعِ إِلَى خَمْسَةِ أَمْدَادٍ، وَيَتَوَضَّأُ بِالْمُدِّ.

Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 201

Шарҳ

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷанобат бо як соъ то панҷ муд ғусл мекард ва барои вузӯ бо як муд иктифо менамуд. Соъ — баробар ба чаҳор муд аст. Муд — ба андозаи пурии ду кафи дасти як шахси миёнахилқат аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Сарфаҷӯйи дар истифодаи об, ҳангоми вузӯ ва ғусл ҷоиз аст. Ҳатто агар об фаровон ҳам бошад, набояд онро беҳуда исроф кард.
  2. Кам истифода бурдани об дар вақти вузӯ ва ғусл ва ба андозаи зарурӣ истифода бурдани он мустаҳаб аст. Ба қадри ҳоҷат истифода бурдани об аз роҳу равиши Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ғусл ва вузӯ буд.
  3. Мақсад аз ин, анҷом додани таҳорат ва ғусл ба таври комил бо риояи суннатҳо ва одобҳо мебошад, бе исроф ва бе бахилӣ. Ҳамчунин бояд шароити вақт, фаровонӣ ё камии об ва дигар ҳолатҳо ба назар гирифта шаванд.
  4. Ҷанобат ё ҷунуб бар шахсе мегӯянд, ки аз ӯ оби манӣ баромадааст, хоҳ бо ҷимоъ бошад ё бо роҳи дигар. Ин ҳолатро аз он сабаб ҷанобат ном ниҳоданд, ки соҳибаш аз намоз ва ибодатҳо дурӣ меҷӯяд, то ин ки ғусл кунад ва пок шавад.
  5. Соъ — як андозаи маъруфи ченкунии ҳаҷм аст ва мақсад аз он соъи набавӣ мебошад. Вазни он ба (480) мисқол аз гандуми хуб мерасад ва ба литр, тақрибан 3 литрро ташкил медиҳад.
  6. Муд — воҳиди ченкунии шаръист, ки баробар аст ба миқдори об ё ғизое, ки шахси миёнахилқат бо пурии ду кафи дастонаш гирифта, дастро дароз мекунад. Муд чоряки соъ аст, ба иттифоқи фақеҳон. Миқдори он тахминан 750 миллилитр мебошад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية