عَنْ عُقْبَةَ بْنِ عَامِرٍ رضي الله عنه قَالَ: كَانَتْ عَلَيْنَا رِعَايَةُ الْإِبِلِ فَجَاءَتْ نَوْبَتِي فَرَوَّحْتُهَا بِعَشِيٍّ فَأَدْرَكْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَائِمًا يُحَدِّثُ النَّاسَ فَأَدْرَكْتُ مِنْ قَوْلِهِ:
«مَا مِنْ مُسْلِمٍ يَتَوَضَّأُ فَيُحْسِنُ وُضُوءَهُ، ثُمَّ يَقُومُ فَيُصَلِّي رَكْعَتَيْنِ، مُقْبِلٌ عَلَيْهِمَا بِقَلْبِهِ وَوَجْهِهِ، إِلَّا وَجَبَتْ لَهُ الْجَنَّةُ» قَالَ فَقُلْتُ: مَا أَجْوَدَ هَذِهِ، فَإِذَا قَائِلٌ بَيْنَ يَدَيَّ يَقُولُ: الَّتِي قَبْلَهَا أَجْوَدُ، فَنَظَرْتُ فَإِذَا عُمَرُ قَالَ: إِنِّي قَدْ رَأَيْتُكَ جِئْتَ آنِفًا، قَالَ: «مَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ يَتَوَضَّأُ فَيُبْلِغُ - أَوْ فَيُسْبِغُ - الْوَضُوءَ ثُمَّ يَقُولُ: أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُ اللهِ وَرَسُولُهُ إِلَّا فُتِحَتْ لَهُ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ الثَّمَانِيَةُ يَدْخُلُ مِنْ أَيِّهَا شَاءَ».
المزيد
Аз Уқба ибни Ъомир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Мо шутуронамонро бо навбат ба чаро мебурдем. Вақте навбати ман расид, шутурҳоро бегоҳ баргардондам ва Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки рост истода бо мардум суҳбат дорад. Аз суханонаш ман инро дарёфтам, ки мегуфт:
"Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вузӯ бигирад ва онро ба хубӣ анҷом диҳад, пас аз вузӯ бархезад ва ду ракъат намоз бо ҳузури дил ва таваҷҷуҳи комил (бо хушуъ ва хузуъ) бихонад, магар ин ки биҳишт бар ӯ воҷиб мегардад".
Уқба мегӯяд: Гуфтам: Ин сухан чи қадар олӣ аст! Ногаҳон касе дар пеши ман гуфт: Сухане, ки қабл аз ин гуфт, олитар буд. Ба ӯ нигаристам, дидам, ки Умари Форуқ буд. Гуфт: Ман туро дидам, ки каме пештар омадӣ. Сипас Умар аз Паёмбар нақл кард, ки фармуд:
"Ҳеҷ яке аз шумо нест, ки таҳорат кунад ва онро ба таври комил анҷом диҳад, сипас бигӯяд: "Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан абдуллоҳи ва расулуҳу"
(Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад бандаи Ӯ ва расули Ӯст),
магар ин ки ҳашт дари биҳишт барояш кушода мешаванд ва ӯ метавонад аз ҳар кадоме, ки хоҳад, дарояд."