+ -

عن أبي مالكٍ الأشعريِّ رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«الطُّهُورُ شَطْرُ الْإِيمَانِ، وَالْحَمْدُ لِلهِ تَمْلَأُ الْمِيزَانَ، وَسُبْحَانَ اللهِ وَالْحَمْدُ لِلهِ تَمْلَآنِ -أَوْ تَمْلَأُ- مَا بَيْنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ، وَالصَّلَاةُ نُورٌ، وَالصَّدَقَةُ بُرْهَانٌ، وَالصَّبْرُ ضِيَاءٌ، وَالْقُرْآنُ حُجَّةٌ لَكَ أَوْ عَلَيْكَ، كُلُّ النَّاسِ يَغْدُو، فَبَايِعٌ نَفْسَهُ فَمُعْتِقُهَا أَوْ مُوبِقُهَا».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 223]
المزيــد ...

Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
«Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 223]

Шарҳ

Паёмбар (Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки таҳорат ва покии зоҳирӣ бо обдаст ва ғусл ба даст меояд, ки он худ яке аз шартҳои намоз аст. Инки Паёмбари Худо гуфтанд: "Алҳамду лиллоҳ тарозуро пур мекунад" сано гуфтан ба Парвардигор ва тавсифи Ӯ Таъоло ба сифатҳои камол аст, ки чун рӯзи қиёмат ба тарозу гузошта мешавад тарозуи аъмолро пур мекунад. Ва гуфтани "Субҳоналлоҳ ва Алҳамду лиллоҳ" ба маънои пок ва муназзаҳ донистани Худованд аз ҳамагуна нуқсон аст, ва васфи Ӯ Таъоло ба тамоми сифатҳои комил, ки танҳо сазовори бузургӣ ва ҷалоли Ӯст ва бо доштани муҳаббат ва бузургдошти Худованд, миёни осмон ва заминро пур мекунад. "Намоз нур аст" намоз барои банда нуре аст дар дил, дар чеҳра, дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. "Садақа бурҳон аст", садақа далиле аст бар сидқи имони муъмин ва тафовути ӯ аз мунофиқ, ки аз садақа додан худро бозмедорад, зеро ба савоби он бовар надорад. Ва "Сабр равшанӣ аст" - яъне худдорӣ аз тарс ва норизоятӣ- он нурест, ки бо худ гармӣ ва сӯзиш дорад, ҳамоно монанди нури офтоб, зеро он душвор аст ва ниёз ба худдорӣ аз хоҳишотро дорад. Аз инҷост, ки соҳибсабр ҳамеша дар равшанӣ ва дар роҳи дуруст аст. Сабр худ, собир будан дар тоъати Худованд ва дур будан аз маъсияти Ӯ Таъоло ва сабр дар мушкилот ва мусибатҳои дунявӣ аст. "Қуръон ҳуҷҷат барои (ба фоидаи) ту аст", яъне бо тиловат кардану амал кардан ба он. Ва "Ҳуҷҷат аст бар алайҳи ту" яъне тарк кардани тиловат ва амал накардан ба он. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки мардум ҳама аз хоб бедор шуда ба мақсади анҷоми корҳои худ аз хона берун мешаванд. Сипас бархе роҳи ростро интихоб намуда худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳанд ва бархеи дигар аз роҳи рост мунҳариф гашта бо анҷоми гуноҳон худро сазовори дӯзах мегардонанд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таҳорат (покӣ) ду навъ аст: таҳорати зоҳирӣ, ки бо обдаст ва ғусл ба амал меояд ва таҳорати ботинӣ (дарунӣ), ки бо тавҳид, имон ва амали нек ба даст меояд.
  2. Аҳамияти пойбанд будан дар намозҳо, ки он дар дунё ва охират нуре барои банда хоҳад буд.
  3. Садақа нишонаи сидқи омин аст.
  4. Аҳамияти амал кардан ба Қуръон, то ҳуҷҷате барои ту бошад на бар алайҳи ту.
  5. Агар нафси худро ба тоъат машғул насозӣ, туро ба гуноҳ ва маъсият машғул хоҳад сохт.
  6. Ҳар як инсон бояд амал кунад, ё худро бо тоат ва ибодат кардан озод мекунад ё бо маъсияти кардан гирифтори азоб.
  7. Сабр таҳаммул ва истиқоматро тақозо мекунад, ки албатта сахтиҳо дарбар дорад.
Бештар