Фоидаҳои зикри Аллоҳи бузург

8Рӯйхати ҳадисҳо

Рӯйхати ҳадисҳо 8

Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад
Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро
Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред
Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам
Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб
Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст
Азкоре, ки баъди ҳар намози фарз аст, гӯяндааш - ё анҷом диҳандааш- баъд аз ҳар намоз, пушаймон намегардад: сию се бор тасбеҳ гуфтан, сию се бор ҳамд гуфтан ва сию чаҳор бор такбир гуфтан аст
Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад