+ -

عَن أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«يَأْتِي الشَّيْطَانُ أَحَدَكُمْ فَيَقُولُ: مَنْ خَلَقَ كَذَا؟ مَنْ خَلَقَ كَذَا؟ حَتَّى يَقُولَ: مَنْ خَلَقَ رَبَّكَ؟ فَإِذَا بَلَغَهُ فَلْيَسْتَعِذْ بِاللهِ وَلْيَنْتَهِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 3276]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3276]

Шарҳ

Инҷо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди илоҷ ва дармони судманд бар саволҳои васвасаомези шайтон бар муъмин огаҳ сохтааст. Шайтон мегӯяд: кӣ инро офаридааст? Кӣ он чизро офаридааст? Осмонро кӣ офарид? Заминро кӣ офарид? Мӯъмини ростин мегӯяд: Аллоҳ онҳоро офаридааст. Аммо Шайтон бо ин ҳама иктифо накарда бо пурсишҳои васвасаомезаш идома дода мегӯяд: Худои туро кӣ офаридааст? Барои мӯъминон се роҳӣ дурӣ ҷустан аз васвасаҳо вуҷӯд дорад, ки иборатанд аз:
- Имон ба Худо.
- Паноҳ бурдан ба Худованд аз Шайтон.
- Худдорӣ аз андешидан дар мавриди васвасаҳои шайтонӣ.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Худдорӣ аз васвасаҳои шайтонӣ ва наандешидан дар мавриди онҳо, ва рӯй овардан ба Худованди Мутаъол барои рафъи онҳо.
  2. Тамоми васваса ва андешаҳои мухолиф бо шаръ, ки дар дили инсон пайдо мешавад, аз ҷониби Шайтон аст.
  3. Худдорӣ аз андешидан дар зоти Худованд ва ташвиқ бар андешидан ва тадаббур дар мавриди офариниш ва нишонаҳои Ӯ Таъоло.
Бештар