عَنْ عَبْدِ اللهِ بنِ عُمَر رضي الله عنهما قال: قال رسولُ الله صلى الله عليه وسلم:
«بُنِيَ الْإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَحَجِّ الْبَيْتِ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 16]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 16]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Исломро бо панҷ рукни он ба биное ташбеҳ кардааст, ки бар ин панҷ рукн устувор аст ва боқимонда вижагиҳои Ислом монанди комилкунандаҳои ин бино ҳастанд. Аввалини он рукнҳо, шаҳодатайн аст. Яъне, гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ илоҳи барҳаққе нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ва ин ду шаҳодат як рукнанд, ки аз якдигар ҷудо намешаванд. Банда бо эътироф ба ягонагии Аллоҳ ва сазовори ибодат будани Ӯ ба ягонагӣ ва дар ҳоле, ки ба муқтазои он амал мекунад ва ба паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон овардааст ва аз ӯ пайравӣ мекунад, ин (шаҳодатайн)-ро ба забон меорад. Рукни дуввум: Барпо доштани намоз аст. Ин рукн намозҳои панҷгонае, ки дар як шабонарӯз аст, монанди бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтанро бо ҳама шартҳо, рукнҳо ва воҷиботашон дар бар мегирад. Рукни севум: Адо намудани закоти фарзӣ. Ин ибодати молии воҷибест, ки чун молу сарвати (шахси мусалмон) ба миқдори муайянкардаи шариат бирасад, (миқдори муайянкардаи шариатро гирифта) ба афроди мустаҳиқ дода мешавад. Рукни чаҳорум: Ҳаҷ, яъне сафар кардан ба Макка барои адои маросимҳои ҳаҷ, ба хотири ибодати Аллоҳ Таъоло. Рукни панҷум: Рӯзаи моҳи Рамазон. Даст кашидан аз хӯрдану нӯшидан ва дигар шиканандаҳои рӯза ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб.