Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, аз он дурӣ биҷӯед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед
Савганд ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳеҷ кас аз ин уммат, хоҳ яҳудӣ ва хоҳ насронӣ бошад, (хабари паёмбарии) манро шунавад, сипас бимирад ва ба он чи ман фиристода шудаам, имон наоварад, магар ин ки аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд
Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд
Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст
ва ба ӯ гуфтем: Ту сайид (сарвар)-и моӣ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Сайид Аллоҳ аст". Гуфтем: Беҳтарини мо аз рӯи фазлу шараф ва бартарӣ ҳастӣ ва бахшандатарин ва волотарини мо ҳастӣ. Пас фармуд:" Сухани худро ё баъзе аз сухани худро бигӯед ва шайтон шуморо дар роҳи ботил накашонад (васваса накунад)
Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, писари Марям ба зудӣ дар миёни шумо ба унвони довари одил фуруд меояд ва салибро мешиканад ва хукро мекушад ва андозро мебардорад ва молу сарват фаровон мешавад, ки касе онро намепазирад