+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال:
«كُلُّ أُمَّتِي يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ إِلَّا مَنْ أَبَى»، قَالُوا: يَا رَسُولَ اللهِ، وَمَنْ يَأْبَى؟ قَالَ: «مَنْ أَطَاعَنِي دَخَلَ الْجَنَّةَ، وَمَنْ عَصَانِي فَقَدْ أَبَى».

[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 7280]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".

[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 7280]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳама уммати ӯ вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худдорӣ кунад!
Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфтанд: чи касе аз ворид шудан худдорӣ мекунад?
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҳар касе таслим шавад ва аз Паёмбар пайравӣ кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе саркашӣ кунад ва ба қонунҳои шариат таслим нашавад, бо сабаби корҳои бадаш аз ворид шудан ба биҳишт худдорӣ варзидааст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) итоат аз Аллоҳ аст ва сарпечӣ аз итоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маъсият ва сарпечӣ аз итоати Аллоҳ аст.
  2. Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) муҷиби ворид шудан ба биҳишт ва сарпечӣ кардан аз ӯ муҷиби ворид шудан ба дӯзах аст.
  3. Мужда барои фармонбардорони ин уммат, ки ҳамагон вориди биҳишт мешаванд, магар касе ки аз Худо ва паёмбараш нофармонӣ кунад.
  4. Шафқат ва меҳрубонии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар уммати худ ва иштиёқи ӯ барои ҳидояти онон.