1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«دَعُونِي مَا تَرَكْتُكُمْ، إِنَّمَا هَلَكَ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ بِسُؤَالِهِمْ وَاخْتِلَافِهِمْ عَلَى أَنْبِيَائِهِمْ، فَإِذَا نَهَيْتُكُمْ عَنْ شَيْءٍ فَاجْتَنِبُوهُ، وَإِذَا أَمَرْتُكُمْ بِأَمْرٍ فَأْتُوا مِنْهُ مَا اسْتَطَعْتُمْ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд. Бинобар ин ҳаргоҳ шуморо аз чизе боздоштам, аз он дурӣ намоед ва чун шуморо ба анҷоми коре дастур додам, то ҷое, ки метавонед ба он амал кунед".

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 7288

Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳукмҳои шаръӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: Он чи дар борааш сукут шудааст, наҳйҳо ва амрҳо.
Аммо аввал: Он чизе аст, ки шаръ дар борааш сукут кардааст, яъне ҷое, ки ҳукм надорад ва асл дар ҳар чиз адами вуҷуб аст. Дар даврони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб он буд, ки дар бораи он чизе, ки рух надодааст, пурсида нашавад, аз бими он ки мабодо дар бораи он воҷиб ё таҳрим нозил нашавад. Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз рӯйи раҳматаш барои бандагонаш тарк кардааст. Аммо баъд аз вафоти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) агар суол дар шакли фатво ё таълими чизе, дар амри дин лозим бошад, ҷоиз аст, балки ба ин пурсиш амр шудааст. Аммо агар пурсиш аз рӯӣ сахтгирӣ ва такаллуф бошад, ин ҳамон пурсише аст, ки дар ҳадис аз он наҳй шудааст. Зеро ин метавонад сабаби он чизе шавад, ки ба Банӣ Исроил рӯй дод. Вақте ки ба забҳи модагове амр шуданд, агар ягон говро забҳ мекарданд, корашон ба охир расида буд, аммо онон сахтгирӣ карданд ва бар онон сахт гирифта шуд.
Дувум: Наҳйшудаҳо, яъне ҳар ки онҳоро тарк кунад савоб мегирад ва касе онҳоро тарк накунад муҷозот мешавад. Пас, бояд аз ҳамааш дурӣ кард.
Севум: Фармудаҳо, яъне он чизҳоест, ки анҷом диҳандааш савоб мегирад ва тарк кунандааш муҷозот мешавад. Пас, бояд ба андозаи тавоноӣ анҷомаш дод.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Инсон бояд ба он чизе, ки аз ҳама муҳим ва зарур аст, таваҷҷуҳ кунад ва он чизеро, ки лозим нест, тарк кунад ва бо пурсиши он чизе, ки рӯй надодааст, банд нашавад.
  2. Саволҳое, ки метавонанд масъалаҳоро печидатар гардонанд ва дари шубҳаҳоеро, ки боиси ихтилофоти зиёд мешаванд, боз кунанд, ҳаром аст.
  3. Амр ба тарки ҳамаи манҳиёт, зеро тарки он кори душворе нест. Бинобар ин, наҳй аз он ба таври умумӣ ворид шудааст.
  4. Амр ба анҷоми маъмурот ба қадри тавоноӣ аст, зеро анҷоми амр шояд бо душворӣ бошад ва ё шояд шахс аз уҳдаи ин кор набарояд. Барои ҳамин амр ба ин корҳо бар қадри тавоноӣ аст.
  5. Наҳй аз зиёд пурсидан. Олимон пурсишро ба ду қисм ҷудо кардаанд: якум, он чи ба шакли таълим ва омӯзиш аст, яъне омӯхтани он чизҳое, ки дар дин ба он ниёз аст. Ин пурсиш матлуб аст ва пурсишҳои саҳоба аз ин навъ буданд. Дувум: пурсиш аз рӯй такаллуф бошад, ки аз ин пурсиш наҳй шудааст.
  6. Ҳушдори ин уммат аз нофармонии паёмбараш, чунон ки дар умматҳои пеш аз ӯ низ рух додааст.
  7. Аз ҳад зиёд пурсидан дар бораи чизҳои нолозим ва ихтилоф бо паёмбарон сабаби ҳалокат аст. Бахусус, дар корҳое, ки наметавон ба он даст ёфт ва аз он огоҳ шуд, монанди масъалаҳои ғайбӣ, ки танҳо Аллоҳ аз он огоҳ аст ва аҳволи рӯзи қиёмат.
  8. Наҳй аз пурсиш дар корҳои душвор. Авзоӣ мегӯяд: Агар Худованд бихоҳад, ки бандаашро аз баракати илм маҳрум созад, масъалаҳои печида ва душворро бар забонаш ҷорӣ месозад, ман ононро аз комилмтарин мардум ёфтаам. Ибни Ваҳб мегӯяд: Моликро шунидам, ки мегуфт: Ҷадал ва муноқиша дар илм, нури илмро аз дили инсон дур мекунад.

Намоиши тарҷумаҳо

61 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو