Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]
Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд
На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад
Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад
Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад
Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад